Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

бузурги дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ба вуҷуд омаданд. Яке аз чунин китобхонаҳои хеле қадим ва машҳур китобхонаи Искандария буд, ки дар асри 3-и то мелод дар Миср бунёд шуда буд. Ба китобхона олимони машҳури он давра роҳбарӣ менамуданд. Дар ин китобхона қариб ҳафтсад ҳазор ҷилд китоб мавҷуд будааст.

Китобҳо дар муддати садсолаҳо аз тарафи хаттотон рӯнавис карда мешуданд, ки ин кори хеле заҳматталаб буда, вақти зиёдро талаб мекард. Барои тайёр кардани як китоб моҳҳову солҳо лозим буданд. Барои он ки сохтани китоб вақту меҳнати зиёдро талаб накунаду дар айни ҳол шумораи он боз ҳам афзунтар гардад, асбоби махсуси китобчопкунӣ ихтироз карда шуд. Дар Хитои Қадим, ки яке аз кишварҳои қадимтарини Шарқ аст, дар асри шашум бори нахустин ба чопӣ китоб шурӯъ намуданд. Ғарбиён дар асри понздаҳ дар Олмон ба китобчопкунӣ оғоз карданд. Ихтирои китобчопкунӣ дар паҳн шудани китоб инқилоби ҳақиқӣ буд. Аз ҳамон давра инҷониб китобҳо дар тамоми мамлакатҳои олам ба тарзи чоп паҳн карда мешаванд.

Халқи тоҷик яке аз халқҳои қадимии китобдӯсту китобпарвари олам мебошад. То пайдоиши қоғаз дар Осиёи Миёна китобҳоро дар рӯи пӯсти ҳайвонот менавиштанд. Китоби муқаддаси аҷдодони тоҷикон, ки «Авесто» ном дошт, аввалан дар рӯи пӯсти ҳайвонот навишта шудааст. То омадани ислом ва истилои арабҳо низ аҷдодони мо анъанаи бои китобнависӣ доштанд. Аз он давраҳо то замони мо ёдгориҳои хаттие, мисли «Авесто», «Ёдгори зарирон», «Дарахти ассурик» ва ғайра омада расидаанд.

Дар асри ҳаштум дар шаҳри Самарканд, яке аз марказҳои калонтарини тамаддуни тоҷикон, ба истеҳсоли қоғази аълосифат сар карданд. Аз ҳамон вақт инҷониб дар Осиёи Миёна санъати китоб хеле тараққӣ кард. Хаттогӣ ва муқовабастӣ барин касбҳо пайдо шуданд. Махсусан дар давраи Сомониён, ки амирони адабпарварӣ китобдӯст буданд, дар соҳаҳои мухталифи илму дониш китобҳои зиёде навишта шуданд. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣ бо номи «Ганчинаи ҳикмат» амал мекард. Дар он китобхона нодиртарин китобҳоро ҷамъ

пешина
аз 275
навбатӣ