Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

оварда буданд. Китобҳои илмҳои гуногун дар хонаҳои
алоҳида бо низому тартиб нигоҳ дошта мешуданд. Баъдтар
ин китобхонаи бузург аз тарафи муттаасибон оташ зада шуд,
ки зарбаи калоне буд ба маданияти тоҷикон. (647 калима)
Аҳмад Абдуллоев ва дигарон

3
Матнро хонда ба он ном гузоред.

Баҳор омад. Ҳаво нарму ҳаловатбахш шуд, майсаҳо расиданд, дарахтон гул карданд, оби ҷӯйҳо дамид, дашту даман ҷомаи сабзи гулгун пӯшиданд. Парастуҳои ба кишварҳои гарм сафаркарда боз омаданд.

Рӯзе як ҷуфти парасту — дар китоби дарсии мо фароштурук навиштагӣ — парида ба айвони хонаи мо омаданд. Чанд бор давр заданд, дар ду-се ҷои кунчаки он нишаста хестанд. Намедонам, дафъаи чандум бошад, омаданду ҳар ду сари меҳе, ки барои ягон чиз овехтан зада будем, нишастанд. Муддате бо ҳам ғуҷур-ғуҷур карданд, маслиҳаташон пухт магар, ки баробар парида рафтанд. Агар забонашонро медонистам, ҳамаи гапҳояшонро батафсил тарҷума мекардам. Ба назарам, онҳо машварат карда, ба хулоса омаданд, ки ҳамин ҷо лона сохтан мумкин аст.

Ривоят мекунанд, ки парасту парандаи хеле зирак, хайрхоҳу беозор аст ва ба одамон бовар дорад. Барои ҳамин дар паноҳи одамон лона мегузораду осуда мегардад. Сабаб ин аст, ки гӯё замоне занбӯр хизматгори содиқи шоҳи морон будааст. Шоҳ ба занбӯр амр кардааст, то хабар диҳад, ки дар ҷаҳон гӯшти кадом ҷонзот ширинтар аст. Занбӯр аз гӯшти кулли ҷонзотҳо чашида, гӯшти одамизотро ширинтар дарёфтааст. Парасту ин азми занбӯрро пай бурда, пеш аз ба шоҳ хабар доданаш забони онро канда гирифтааст, ки ширинии гӯшти инсонро гуфта натавонад. Вақте занбӯр омада ғурунгос мезанаду чизе гуфта наметавонад, мор парастуро чеғ мезанад:
Ӯ чӣ мегӯяд?

пешина
аз 275
навбатӣ