Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
писараш кӯшиши бисёр мекард. Дар солҳои нахустини шуғли Фирдавсӣ ба назми «Шоҳнома» чунин ривояте пайдо шуда буд: гӯё дар овони хурдсолии шоир падараш ба хоб мебинад, ки писараш ба бом баромада ва рӯ ба тарафи қибла карда наъра мезаду дар ҷавоби наъраи ӯ аз ҳар ҷониб овозҳо шунида мешуданд. Бомдод Мавлоно назди муаббир (хобгузор)-и машҳур шайх Наҷибуддин рафта, хоби дидаашро нақл мекунад ва таъбирашро мепурсад, шайх китобҳояшро дида, хоби ӯро чунин таъбир мекунад, ки овозҳои шунида овозаи ояндаи писари туст, ин писари ту сухангӯе мешавад, ки овозааш ба ҷаҳор рукни олам мерасад ва дар ҳамаи атрофу акноф сухани ӯро ба қабул истиқбол мекунанд. Ба ҳамин тарз ровиён достонсаро шудани Фирдавсиро ба сарнавишти азалӣ нисбат дода ва мардумонро ба ин бовар кунонда буданд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки Ҳасани Абулқосим дар айёми таҳсилаш ба илмомӯзӣ майлу рағбати калоне зоҳир карда, донишманди мумтозе шуда ба воя расид. Вай забони паҳлавӣ медонист, забони адабии модариаш ва арабиро ба хубӣ фаро гирифта буд. Истеъдоди фитрии ӯ дар гӯяндагиву шоириаш зуҳур кардан гирифт. Дар солҳои талабаи мадраса буданаш аз «Худономак»-и бостонӣ (китобе, ки баъдан пас аз тарҷума шудан ба форсии нав «Шоҳнома» ном гирифт) баъзе порчаҳои бароиш писандомада ва шавқангезро назм мекард.
Дар он вақт... Абулқосими Фирдавсӣ бо ҳамсараш Фотимабону, писари бистудусолаш Ҳушанг ва духтарчаи ҳаштсолаш Манижа дар Бож ба ҳавлии меросии худашон мезистанд. Падару модари шоир якчанд сол пеш вафот карда буданд. Ҳавлӣ калон, даруну берундор буд, дар ҳавлии берун саис ва дигар хизматгорони даргоҳ дар вай буд. Дар боғ як дар хонаи пешайвондор — ҳуҷраи кори шоир воқеъ ва пеши ҳуҷра гулзор буд, дар гулзор салбарҳои рангоранг, гули тоҷихурӯс, райҳон, савсан, бунафша ва ғайра руста буданд. Чӯйбори аз Кашафрӯд баровардашуда аз наздики ҳавлии Фирдавсӣ гузашта сӯи шаҳр ҷорӣ мешуд, шохобе аз он чӯйбор ба боғи ӯ медаромад ва аз он баромада ба боғоти ҳамсоя мерафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо