Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Абулқосим баъд аз намози бомдод аз масҷид баргашта, дар ҳавлӣ аҳли хонавода ва хизматгоронашро монанди ҳамеша дар ҷунбуҷӯли пагоҳонӣ ёфт. Саис дар ҳавлии берун назди тавила ду аспро қашав мекард. (595 калима)
Сотим Улуғзода
6
Матнро хонед ва ба он тақриз нависед.
ТАЛОШ ДАР РОҲИ МАЪРИФАТ
Субҳи рӯзи дигар ҳаво соф, мулоим ва ҳаловатбахш буд. Боди сабо аз даштҳо, аз боғот, киштзор ва полезҳо бӯи баҳор меовард. Аз ҳар тараф бӯи баҳор меоварду ба кӯчаҳои танг, камдарахт ва камнами Бухоро мерехт.
Лаклаки сари Манори калон дар лонаи худ якпоя меистод. Он гӯё ба асрори ҷаҳон гӯш андохта, сабабҳои ихтилофоти оламиёнро фаҳмиданӣ буд, ки ба тарзи мутафаккирон ба муроқабаи сангине фурӯ рафта буд.
Айнӣ танҳо ва андешамандона қадам мезад. Вай аслан табиатдӯст ва дӯстдори ҳавои тозаву гулгаштҳо буд. Ҳар гоҳ дилгир шавад, маҳз бо тавассути сайру гашт занги дил тоза мекард. Вале ҳоло дар ин субҳи пуртаҳлука ба ғами худ ғарқ гашта буд ва аз файзи баҳор дилаш кушода намешуд. Чабинаш пургиреҳ, фикраш пургиреҳ ва дилаш гиреҳбаста буд. Дар ҳамин хел як ҳолати рӯҳ аз саҳни мадраса, аз тангкӯчаи кӯтоҳакак гузашта ба лаби ҳавзи Девонбегӣ фуромад ва аз он ҷо лаб-лаби ҳавз ҷониби Пассаж рафт.
Дар майдони лаби ҳавзи Девонбегӣ аз ҳар тараф одам мерехт. Даромадгоҳи тоқ ва зинаҳои баланди Пассаж, ки роҳрави болопӯшида дошт ва саҳначаи байни дӯкону бонк серодам буд.
Лаби ҳавзи Девонбегӣ яке аз беҳтарин, ободтарин ва серодамтарин майдонҳои шаҳри Бухоро буд. Ҳавзи калони мусаффо, саҳни хиштфарши озода, дарахтони азамати тут, раставу чойхонаҳои пурнеъмат баҳри дили касро мекушод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо