Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

35

Аз матн ибораҳоро навишта, калимаҳои тобеъкунанда ва тобеъшавандаро бо аломатҳо ишорат кунед.

ҲАРБ БО ДУШМАН

Таркиши бомбаҳо заминро ба ларза овард. Қисме аз ҷавонони ҷангдида чӣ кор карданашонро надониста, дасту по гум мекарданд. Қисми дигаре аз милтиқу автоматҳо ба тайёраҳо оташ мекушоданд. Оҳанпораҳои оташмонанд дар ҳаво парешон шуда, ба ҷангал мерехтанд. Чанде аз вагонҳо оташ гирифтанд. Як тайёраи душман ба доираи нишони зенитка афтид ва аз думаш дуди сиёҳе бароварда сарозер шуд. Тайёраи дигаре низ ба нишон омада, дар ҳаво таркид. Вале тайёраи сеюми душман рӯ ба гурез овард.

Рӯз торик шуд. Аскарони оташи ба вагонҳо афтодаро хомӯш карда, маҷрӯҳонро ҷамъ меоварданд. Чӯтак маҷрӯҳеро бардошт, ки аз байни панҷаҳояш хуни гарм мешорид. Вай сахт нолиш мекард. (101 калима)

Ҳабибулло Назаров

36

Нависед, ба зери пайвандакҳо хат кашида, ҷойи онҳоро фаҳмонед.

ҲИФЗИ ВАТАН

Нодир моҳи июли соли 1941 ба сафи артиш даъват шуд. Чӣ хеле ки мегӯянд, тақдир ӯро рост ба Сталинград бурд. Вай замини муқаддаси Ватан, ҷангалу даштҳои шаҳри қаҳрамонро саросар қадам задааст. Дар ҳолати таркиши бомба, тиру тӯп, ки замину осмон ба ларза меомад, ӯ ба монандӣ тифле, ки худро ба тамоми ҳастиаш ба оғӯши модар меандозад, заминро мепарастид. Ҳар як санг, дарахт, буттаҳоишро эъзоз менамуд ва мегуфт: «Замини азиз, модари мушфиқ, садои диламро бишнав. Бин, чӣ хел метапад, вай фақат барои ту метапад, дар таманноят мезанад. То он даме ки дар дил ҳаракат аст, туро ба поймоли душман намедиҳам. Сар медиҳаму туро не». (107 калима)

Ҳабибулло Назаров

пешина
аз 275
навбатӣ