Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

1

Матнро қироат карда, исмҳояшро нишон диҳед.

БОҒИ АЙНИЙ

Дар қисмати шумолии шаҳри Душанбе, дар баландии, дар қарибии обанбори калон боғи сарсабзе барафроштааст, ки онро «Боғи Айний» меноманд. Дар пешгаҳи ин боғ, дар байни гулу гулзорҳо мақбараи устод Айний ҷо гирифтааст. Ин гӯрхонаи шоҳона ва бодабдаба не, ин гунбади кушоди шоиронае аст, ки дар дохилаш ҳайкали устод ҷо гирифтааст ва дар суфаи мармарии атрофи он ҳамеша гулчанбарҳои тару тоза гузошта мешавад. Ба ин гунбад аз ҳар сӯйи боғ роҳҳои фароҳ ва серсоя омада мерасад ва дар растаҳои озодаи онҳо дарахтони гуногуне, ки бо дасти намояндагони миллатҳои бисёр ва халқҳои олам шинонида шудааст, қад барафроштаанд. Намояндагони адабиёти халқи рус, халқи украин, халқи белорус, халқи қазоқ, халқи ӯзбек ва тақрибан намояндагони ҳамаи халқҳои мамлакати мо ва намояндагони дигар миллатҳо: ҳиндуҳо, покистониҳо, афғонҳо, полякҳо, венгерҳо, немисҳо ва ғайра ҳар кадом дарахте шинондаанд. Ин растаро растаи дӯстии халқҳо номидаанд...

Бале, устоди бузурги ман — Садриддини Айний зинда ва ҷовид аст. (149 калима)

Ҷалол Икромӣ

2
Сифатҳоро аз матни зерин ёфта нависед.

ДЕҲА

Мошине, ки навакак маро ба ин ҷо овард, аллакай аз назарам дур рафта, дар роҳи морпечи ағба бо шитоб роҳ мепаймуд. Дуртар аз роҳ дарӯчаи шӯхоб аз сангҳо ба сангҳо шагта хӯрда, ба сӯи дашти фароҳ мешитофт, қафқҳои рӯи он

пешина
аз 275
навбатӣ