Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

шумоён аз куҷоед? Аз ман, аз қудрати ман! Пас, шумо бояд маро Худо донед ва ҷаҳонофарин гӯед».

Заҳҳок чун шунид, ки мардумон аз Ҷамшед рӯй гардонидаанд, ба қасди гирифтани мамлакати ӯ ба Эронзамин лашкар кашид. (145 калима)

Сотим Улуғзода

4

Аз матн як феҳдро интихоб ва онро дар шакли замони гузашта ва оянда тасриф кунед.

МЕҲРИ КИТОБ

Дар таърихи маданияти хеле қадим ва пурифтиҳори халқи тоҷик аз будани китобхонаҳои пур аз китобҳои пурқимати нодир дарак дорем. Дар вақти мунозеа ва кашмакашҳои байни ҳукмдорон сӯхта нобуд карда шудани маҳзанҳои китобро низ маъхазҳои таърихӣ қайд кардаанд. Дар ҳар сурат таъсиси китобхонаҳо ва ҷамъ овардани китобҳо яке аз рукнҳои асосии маданияти мо будааст. Вале китобхонаҳои давлатӣ, ки дар онҳо китобҳои пурарзишро ҷамъ мекарданд, як ҷузъи хазинаи давлат ҳисоб меёфтанд. Китобҳоро ба сандуқҳо зер карда, дар хонаҳои дарбаста нигоҳ медоштанд ва ҳатто олимони забардаст ҳам ба онҳо роҳ ёфта наметавонистанд. Бигирем Абӯалӣ ибни Синоро. Ӯ аз будани китобхонаи бузурге дар арки амири сомонӣ хабар дошт, лекин ба он роҳ ёфта наметавонист. Ниҳоят, вақте ки амири сомониро муолиҷа кард, амир ба вай гуфт:

– Ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун.

Абӯалӣ зару зевар талаб накард, мансаб напурсид, фақат иҷозат хост, ки ба вай ба даромадан ба китобхонаи арк рухсат дода шавад. (150 калима)

Раҳим Ҳошим

пешина
аз 275
навбатӣ