Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

шири дамидаро ба хотир меовард. Дар соҳили офтобрӯяи дарё аз байни шохаҳои бузурги анор ва шамшодҳои баланд бому дари деҳаи лолазор, ки ба шуои офтоби чашмхиракунандаи нисфирӯзӣ ғарқ буд, ранги танӯри тафсидаро мемонд. Дар осмон хирмани абрҳои сафед ба як гӯшаи деҳа соя афканда мегузаштанд. Аз дурудур, аз байни дарахтҳои анбӯҳи зумуррадранг овози сӯфитургай ва шавкуни бачаҳои деҳа омехта ба гӯш мерасид. Ногоҳ аз паси адирс, ки дар ҳар ҷойи он бодомбуттаҳои худрӯ сабзида буданд ва онҳо аз дур ба нақши охуи даштӣ шабоҳат доштанд, рамаи деҳа ба чаро хеста, сутуни чангро ба осмон бардошт ва байни ғубори қаҳваранг «бе-е-е, ме-е-е» -и меш ва барраҳо баланд шуда, ин овозро дар як он маҳв кард. Аз шуои заррини офтоб ҳавои деҳа гӯё мисли пардаи ҳарир лаппида меистад. (148 калима)

Шодон Ҳаниф

3

Матнро хонед ва ба он ном гузоред. Феълҳоро ёфта, шахсу шумора ва замони онҳоро муайян кунед.

БОРИ ШУҲРАТ

Ҷамшед ҳукмдори ғаюр ва тавоное буд, ихтироъкории василаҳои беҳбудии ҳаёти мардумонро давом дод: ба онҳо риштабофӣ, матоъбофӣ, либосдӯзӣ омӯзонд. Иморат кардан, ҳаммом сохтанро ҳам Ҷамшед бунёд кард. Нахуст ӯ аз оҳан зиреҳ, ҷавшан, хӯд ва дигар олатҳои ҷанг сохт. Киштирониро ҳам аввал ӯ сар кард.

Вақте ки ин ҳама корҳои нек анҷом ёфта, кишвар ба ниҳояти ободию оростагӣ расид, Ҷамшед ба бузургӣ ва тавоной дар ҷаҳон овоза шуд. Он гоҳ вай худро дар ҷаҳон ягона ва беҳамто донист ва мағрур шуд, бори шӯхраташро бардошта натавонист. Бузургони мамлакатро гирд оварда гуфт: «Дар ҷаҳон ғайр аз ман подшоҳе нест. Ин ҳама ҳунарҳоро кӣ эҷод кард? Ман! Хӯроку пӯшок ва осудагии

34

пешина
аз 275
навбатӣ