Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Ба одам ин гуна дилбастагии ҳайвони безабон ва бешуури ҳамаро ҳайрон мекард ва ҳар кас ба тарзе онро шарҳу эзоҳ медод. Дидор дар дилаш мегуфт, ки бузича ҳам монанди одамон ақлу дил дорад, некию бадиро мефаҳмад.
Тобистон, вақте ки хонавода дар саҳни ҳавлӣ мехобиданд, ҷойи хоби Сиёҳак таҳи кати Дидор буд. Саҳарӣ барвақт бедор гашта, ба по мехесту сару рӯи Дидори ҳанӯз масти хобро лесида ғурунгос мезад, балки ба забони худаш аз хоб хез мегуфт... Модар ба даст химча гирифта, Сиёҳакро аз сари болини Дидор дур мекард.
Аз рӯзе, ки бузича аз модараш ҷудо шуд, Дидор ширчояшро бо вай ду ҳис карда мехӯрд. Аз алафҳо, Сиёҳак асосан юнучқаи наврас ва печакро бо иштиҳо мехӯрд. Алафҳои дигарро ҳамту сар-сарӣ даҳан зада мегузашт. (144 - калима)
Баҳром Фирӯз
15
Ба аломатҳои китобати матн диққат кунед.
РӮБОҲИ ҲАРИС
Рӯбохе дар бешае ватан сохта буд. Сабоҳе дар талаби туъма ҳар тараф мегашт. Мурги хонагие дид, хост то ӯро сайд кунад. Овози даҳул ба гӯшаш расид. Нигоҳ кард, ба болои дарахт ҷуссае дид қавию фарбеҳ. Аз овози ӯ баланд истимоъ* намуд. Қуввати таомеи* рӯбоҳ дар ҳаракат омада, аз камини мурғ бархосту қасди қавиҷусса карда ҷаст ба сад меҳнат, ҷаст ба болои дарахт роҳи худро кашид. Чун пӯстро бидарид, ҷуз бод чизе надид. Оташи ҳасрат дар дили рӯбоҳ афтод, оби надомат аз дида борида гуфт:
-- Дареғ ба воситаи ин ҷуссаи пурбод сайди ҳалоли ман аз даст рафту аз ин сурати бемаънӣ фоидае ба даст наёмад.
Даҳул* дар фиғон аст, вале
Чӣ ҳосил чу андар миён ҳеч нест?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё