Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар донише ҳаст, маънӣ талаб,
Ба сурат машав ғарра, ки он ҳеҷ нест. (129 калима)
Самандари Тирмизӣ

ЛУҒАТ
истимоъ – гӯш фаро додан
томеа - тамаъ
дуҳул – нақораи, калони чӯбин; табл
ғарра – мағрур, ҳавобаланд

16 Матнро ифоданок хонед, ҷумлаҳоро аз рӯи оҳанг муайян кунед.

ЭҲЁИ МАҲФИЛҲОИ АДАБӢ

Аз рӯзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти он ба сӯи тараққиёти ҷиддӣ қадамҳои калон-калон гузоштан гирифт, зиёиёни пештар парокандаи тоҷик аз ҳар тараф ба шаҳри марказӣ ҷамъ омадан гирифтанд.

Хона ва ҳавлии Мунзим яке аз ҷойҳои вохӯрии адибон, коркунони матбуот ва коркунони нашриёт буд. Агар ҳар рӯз набошад ҳам, ҳафтае ду-се бор дар хонаи Абдувоҳиди Мунзим ҷамъ шуда, суҳбатҳо ташкил мекарданд. Дар он суҳбатҳо рафиқони зерин иштирок доштанд: Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷалол Икромӣ ва бисёр дигарон буданд. Суҳбатҳои гарму ширини рафиқона бо калимаҳои «ҷӯра» дар муроҷиат ва гуфтугӯйҳои дӯстона мекарданд, ки завқи махсус дошт.

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Абдувоҳиди Мунзим анъанаи маҳфили адабии Садри Зиёро дар ҳавлии хонаи камбағалонаи худ аз нав зинда намудааст... (123 калима)
Соҳиб Табаров

пешина
аз 275
навбатӣ