Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Саҳари барвақт бедор шуд. Бори дигар расми деҳқонро аз назар гузаронд. Сукути шаб дилгир буд... Ӯ акнун фаҳмид, ки дар гумонаш хато карда будааст. Тасаввуроти кӯдакӣ моро дар тамоми умр ба дарки зебоӣ водор мекунаду бас. Он ҷаҳони хобҳову орзуҳои ширин бо гузаштани кӯдакӣ немураду дар хаёли мо нақши зебои худро ҷо ба ҷо мегузорад. Фарҳод инро фаҳмид...

Ӯ либосҳояшро ба як ҷомадон кард. Мӯйсафед бо қаноатмандӣ ба дуриҳо менигарист. Дар чеҳраи пуроҷангаш аломати фараҳу шодӣ гул мекард. Лабони тунукаш чун ғунҷа шукуфтанӣ... Вале Фарҳод натавонист ин чеҳранигориашро ба соҳибаш тақдим кунад. Охирин бор ба ӯ нигарист, расми «сароб»-ро гирифта баромада рафт. Ӯ тамоми роҳ хомӯшона меандешид, вале андешааш холӣ буд... Ӯ медонист, ки дигар ба ин ҷо барнамегардад... (142 калима)

Муҳаммадзамони Солеҳ

19

Матнро хонед ва навъи ҷумлаҳоро аз рӯи оҳанг муайян кунед.

СУБҲ

Шаб ба охир расид, аз осмон ситораҳо торафт кам шудан гирифтанд, дар тарафи шарқ аз уфуқ сар карда рӯшноӣ мешуд, субҳ медамид.

Олами табиат оҳиста-оҳиста ҷон мегирифт, аз хоб бедор мешуд. Гули ишқандарпечон баргҳои нафис ва хушобуранги худро боз карда, то метавонист ба танаи дарахти гелос болотар печида, онро бо либоси махмалин зинат мебахшид. Гули садбарг лаб ба табассум кушода, аз бӯи худ гулшанро муаттар сохта, дастаҳои нозбӯ, раъно бо вазидани сабоҳ монандаи келинҳои нозпарварида ба ҳар тараф хам шуда мегирифтанд...

Мусичаҳо, фароштурукҳо, ғунҷишкҳо аз ошёнаҳои худ парвоз карда ба осмон баланд мешуданд, гӯё онҳо низ

пешина
аз 275
навбатӣ