Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷумлаҳоро хонед, оҳанги хониши онҳоро муайян кунед.

ҲУНАР ВА МАҲОРАТ

Ман аз бачагиям гулханро дӯст медорам: гулханеро, ки шаб дар назди чӯпонҳо, дар назди соҳили дарё, дар пояи кӯҳ, дар болои кӯҳҳои атрофи деҳа, ҳатто дар назди оташдони хона фурӯзон аст. Медонам, ки гулхан афрӯхтан ҳоло ними кор аст, дар шаби барфу борон гулханро нигоҳ доштан ва аз хомӯшшавӣ намондан душвортар аст.

Пай мебарам, ки дар дил оташе дорам. Аммо чӣ кор, чӣ рафтор бикунам, то ин оташ пеш аз он ки дили касеро гарм созад, роҳи касеро дар торикӣ равшан бахшад, паст нашавад, хомӯш нашавад? Чӣ созам истеъдоди худро эҳтиёт бикунам ва қувват бидиҳам?

...Як ҷавони кӯҳистонӣ назди падарам омада гуфтааст:

— Ман озмуда дидам ва боварӣ ҳосил кардам, ки қофия баста метавонам. Аммо намедонам барои шеъри ҳақиқӣ навиштан чӣ кор бикунам.

Падарам ҷавоб додааст:

— Торҳои ғиҷжакро ҷӯр кардан кам аст, онро навохта тавонистан лозим. Замин доштан кам аст, онро кишт карда тавонистан лозим. (143 калима)

Расул Ғамзатов

Матнро хонда, аз сархати сеюм ҷумлаҳои хабарии онро муайян кунед.

РОҲИ БЕБОЗГАШТ

Шафақ сурх буд. Фарҳод то торик шудани хона кор кард, боз чароғи хираро гиронда кор кард. То бевақтии шаб бедор буд...

пешина
аз 275
навбатӣ