Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
– Ҳама чиз хуб аст, шавҳари ман маро дӯст дорад ва ман шавҳари худро дӯст дорам. Аммо ягона чизе, ки ман мехоҳам, он аст, ки борони зиёде биборад, то боғҳои мо, ки ташнаи об ҳастанд, сероб шаванд.
Рӯзи дигар он мард ба хонаи он духтараш, ки хонуми хиштмол буд, рафт. Вақте аз аҳволи ӯ ҷӯё шуд, чунин ҷавоб шунид: «Ҳама чиз хуб аст, ман ҳеҷ орзуе надорам, ҷуз ин ки обу ҳаво хушк бошад ва офтоб бидурахшад, то хиштҳосро, ки шавҳарам молидааст, хушк шавад».
Падар гуфт:
– Хоҳарат борон мехоҳад ва ту ҳавои хушки офтобӣ. Ман намедонам барои кадоми шумо дуо кунам?! (145 калима)
Аз «Ҳикматҳои Луқмони Ҳаким»
ЛУҒАТ
хонум – зан, ҳамсар
хиштмол – хиштрез
26
Матниро хонед, хабарҳояшро шарҳ диҳед.
ҚАНОАТ
Бозор хост, ки рафта ҷӯй ва чархҳои роҳи омадаашро кофтуков кунад, шояд нишони гумшудаи худро дарёбад, рафиқонаш боздоштанд:
Ҳеҷ гоҳ гӯсфанд ба ихтиёри худ аз рама ҷудо шуда намемонад. Дар ин миён гург ҳам набуд, маълум аст, ки инҳоро гурҳони дупо рабудаанд, – гуфтанд.
Бозор бетоқатӣ мекард: гоҳ аз рафиқони худ дуртар ба каноре рафта бар сари худ хок мебехт, гоҳ ба канори Дарғам нишаста дар ғами ин воқеа аз чашмони худ хун мерехт.
Чора нест, ба қазо ризо додан даркор аст. Худро тасаллӣ медод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё