Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
– Бародарам мурд, ҷуфти гов ва заминаш аз даст рафт, аз ватанам ҷудо шудам, ниҳоят аз ҳамдами умриам Меҳрмоҳ, ки ба ҳамаи мусибатҳои ман ҳамроҳӣ мекард, ҷудо шудам. Ҳар кадоми ин кулфатҳоро, ки аз тасаввураш дили одам меларзад, пас аз ба сарам афтодан бардоштам. Ба гум шудани ду гӯсфанд ва талаф шудани музди меҳнати яксолаам, ки дар пеши он фалокатҳои аз сарам гузашта ҳеҷ аст... (147 калима)
Садриддин Айнӣ
27
Матнро ифоданок хонед ва хабарҳоеро, ки бе бандаки хабарӣ омадаанд, муайян карда шарҳ диҳед.
ҚИЗИЛҚӮЛ
Мавзеи Қизилқӯл. Мо аз қуллаҳои сарбафалалкашида оҳиста поён фуромада, лаҳзаи болои кӯҳи каб-кабуди яхин ист мекунем. Бале, кӯҳи каб-кабуд. Офтоб нурҳои худро болои кӯҳ рост мекунад. Мо баръало мебинем, ки аз нӯги теғаҳои тези пиряҳ қатраҳои об чак-чак чакида ба поён мераванд. Қадре поёнтар шилдироси об ба гӯш мерасад. Ба ҳамон тараф меравем. Аз дили пиряҳ, ки ба ду тараф ҷудо шудааст, оби калон башаст ҷорӣ шуда, ба шаху харсангҳо бархӯрда, сарозер меравад. Ба куҷо меравад он, номаълум. Фақат ҳаминаш маълум, ки бекор меравад, бефоида меравад, ба дилеву дарде дармон нашуда меравад.
Агар қатра-қатра чакидани тармаоб ва шуввосзанон ҷорӣ шудани обро ба ҳисоб нагирем, дар он ҷо хомӯшии тамом ҳукмрон аст. Вале ин хомӯшӣ хомӯшии қабл аз тӯфон аст. Даштгузаро садои гӯшкаркунандаи тракторҳои пуриқтидор, ки заминҳои қаҷмақаҷи даштгузарро пас гузошта, торафт ба мо наздик меоянд, ба хомӯшӣ ва ҳолати якмароми ин мавзеъ рахна мезанад. (148 калима)
Ато Ҳамдам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё