Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

28 Шаш ҷумла нависед, ки хабарҳояшон бо исм, сифат ва феъл ифода ёфта бошанд.

КӮҲИ ФАРҲОД

Аз мавзеи Чилдухтарони таърихӣ, ки сангҳои
одамшаклаш боиси пайдоиши ривоятҳо шудааст, ҳам
пайраҳаи қишлоқҳои Хубону Тӯда ва ҳам пайраҳаҳои
касногузари самти муқобили кӯҳи Фарҳодро, ки қад-қади
ҷару нишебиҳои ваҳмангез мегузаранд, баръало мушоҳида
кардан мумкин буд. Мерган ин пайраҳаҳоро борҳо тай
кардааст ва ҳар гардиши онро хуб медонад. Бинобар ин ҳам
баробари дар самти муқобил сиёҳии даррандаҳои гуруснаро
дидан, бе ҳеҷ дудилагӣ ба пайраҳаи кӯҳи Фарҳод даромад ва
дар ҳолате, ки аз гургҳои дар ҷустуҷӯи туъма поён фуромада
истода чашм намеканд, ақиби харсанге камин гирифт. Садои
пай дар найи тир сукунатро рахна заду кӯҳҳо акси садо
доданд. Ду гурги аз пой афтода, аз пайраҳа ба поён ғелиду
яктои дигараш, ки аз қафо меомад, роҳи гурезро пеш
гирифта, ба ағба часпид. Аммо панҷтираи Мерган бе хато
нишон мегирифт, ду тири дигар гурги гурезаро ба замин
хобонду хотири Мерган ҷамъ шуд. (141 калима)
Иноят Насриддин

29 Матнро хонед. Саволҳо гузошта, муайян кунед, ки ғайр аз амал ва иҷрокунандаи амал, дигар аъзои ҷумла чиро мефаҳмонанд.

БАҲОРИ ЛОЛАЗОР

Аҷоиб аст фасли баҳор! Олами табиат на ин ки фақат
зинда шуда аз нав ҷон мегирад, балки тароват, нур ва
ҷавонӣ пайдо мекунад. Замин бо сабзаи тару тоза пӯшида
мегардад, дарахтон гулпӯш мешаванд, дар ҳаво як бӯи
муатгар, бӯи сармасткунанда, бӯи дилбозандае пайдо

пешина
аз 275
навбатӣ