Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ «фурӯғи субҳи доноӣ» танҳо
китоб буда метавонад. (144 калима)
Аҳмад Абдуллоев ва дигарон

31 Матнро хонед ва мазмунашро нақл кунед. Мубтадоҳои онро муайян намоед.

ҲИКОЯТ

Шутуре дар саҳро чаро мекард ва аз хору хошоки он саҳро ғизо мехӯрд. Ба хорбуне* расид чун зулфи маҳбубон дарҳам ва чун рӯйи хубон тозаву хуррам. Гардани оз* дароз кард, то аз он баҳра бигирад. Дид, ки дар миёни он афъие ҳалқа зада ва сарро ба дум фароҳам оварда. Бозпас гашт ва аз орзуи ӯ даргузашт.

Хорбун пиндошт, ки эҳтирози вай аз захми синони ӯст ва иҷтиноби вай тезии дандони ӯ. Шутур онро дарёфт.

Гуфт:

  • Бими ман аз ин меҳмони пӯшида аст, на аз мизбони ошкор ва тарси ман аз заҳри дандони мор аст, на аз захми пайкони хор. Агар на ҳавли ин меҳмон хӯрдаме, мизбонро як лукма кардаме.

Қитъа Гар аз лаим битарсад карим, нест аҷаб, Зи хубси* нафс, на аз пашму устухон тарсад.
Касе, ки по нанҳад дар миёни хокистар, Муқаррар аст, ки аз оташи ниҳон тарсад. (139 калима) Абдураҳмони Ҷомӣ «Баҳористон»

ЛУҒАТ

хорбун -- буттаи хор, буттаи хордор
оз - тамаъ
ҳубс – хабисӣ, ифлосӣ, бадӣ

пешина
аз 275
навбатӣ