Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Чашмонаш пӯшида бошанд ҳам, бедор буд, нолиш мекард.
Тарғел чор шабонарӯз на аз ҷояш ҷунбиду на чизе хӯрд. Шабҳо ман дуру дароз дар назди ӯ нишаста, меҳрубонӣ мекардам. Аз чашмонаш доим қатра-қатра ашк мечакид. Гоҳ-гоҳ нисфҳои шаб дӯсти худро ёд карда, нӯла мекашид. Ман аз хобам бедор шуда, ба наздаш омада менишастам, сару рӯяшро дастмол мекардам.
Ҳар саҳаре, ки аз хобам бедор мешудам, дарҳол ба назди Тарғел омада, аз аҳволаш хабардорӣ мекардам. Саҳари панҷум ӯро дар ҷояш надида, аввало хеле хурсанд шудам, хаёл кардам, ки Таргели ман саломат шуда, эҳтимол, ки ба кӯча баромадааст, фавран дар ҷустуҷӯ шудам. Аммо дар ягон ҷо аз ӯ нишона набуд. Чандин рӯз қишлоқҳои дуру наздикро кофтам, аз ҳар кас суроғ намудам, дараке наёфтам. (153 калима)
Ҳабибулло Назаров
34 Ҳикояи зеринро хонед ва ба мазмунаш аҳамият диҳед. Иҷрокунандаи амалро дар ҷумлаҳо муайян намоед.
ХИРС
Нақл мекунанд, ки хирс як замон одами бадавлате будааст ва дар ихтиёраш даҳ-понздаҳ рама гӯсфанд доштааст.
Рӯзе ҳангоми тарошидани пашми гӯсфандон мӯйсафеде ба назди бой омада, аз ӯ барои рафъи эҳтиҷоташ каме пашм хостааст. Аммо бой хоҳиши мӯйсафедро рад кардааст ва бо ҳақорату дашномҳои қабеҳ ӯро аз дари хонааш берун кардааст.
Баъд аз ин мӯйсафеди ҷабрдида даст ба дуо боло карда, дар ҳаққи он бой гуфтааст:
Ту, ки маро ин қадар озор додӣ, мехоҳам, ки Худованд пашмҳои тарошидаатро ба баданат часпонда, туро ба хирс

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё