Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Сифатҳои матнро ёбед.

КӮҲИ ҒОЗИЁН

Дар он наздикиҳо ягон қишлоқ ҳам дар назар наменамуд, ҳама ҷо хомӯш буд. Дар оғӯши насими анбарафшони баҳор, дар зери дарахти бодом, ки ғарқи гул буд, шабро рӯз кардам. Субҳидам тараннуми булбулони хушхон маро аз хоб бедор кард. Худамро бисёр солим ва сабук ҳис менамудам. Нури офтоб ҳам бар лолаю сарву суман партавафкан шуд. Ман ба ҷониби дашти васее, ки аз дур чун баҳри кабуд дар назар менамуд, роҳ тай менамудам. Каме ба пеш рафта, аз баландии кӯҳ ба водӣ назар афкандам: дар як тарафи кӯҳ ботлоқу қамишзорҳо ва дарёи шӯхи пурмавҷ, дар дигар тарафи кӯҳ заминҳои холию корамнашуда ва бисёр манзараҳои аҷоиби табиат ба назар намоён шуд. Ҳамон рӯз донистам, ки ин кӯҳро Ғозиён меномидаанд. (116 калима)
Ҳабибулло Назаров

Ба имлои исмҳои хоси матн диққат кунед.

ҚАЛЪАИ ҲИСОР

Ниҳоят ман ба Ҳисор, ба Ҳисори куҳна омадам. Ман дар чойхона дар таги чинори калоне нишаста бо ҳисориёни куҳансол суҳбат мекардам. Дар пеши назари ман манзараҳои зебои майдонҳои хоҷагӣ, теппаю кӯҳҳои сар ба фалак кашида, чашмаҳои равон як-як падидор мешуданд.
Вақт пешин буд. Дар чойхона мардуми бисёре, ки аз меҳнати самарабахш баргашта буданд, ҷамъ омада дар бораи ҳаёту кори худ нақл мекарданд.
...Дар замони пеш дар Қалъаи Ҳисор ҳокимон ва амалдорони амир ҷой гирифта, аз ҳисоби меҳнати машаққатноки камбағалон айшу ишрат мекарданд. Дар мавсими тобистон ҳаво ниҳоят гарм мешуд, беки Ҳисор ва

пешина
аз 275
навбатӣ