Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

1 Нақши бандаки изофиро дар алоқаманд шудани ибораҳо шарҳ диҳед.

ВОХӮРӢ

Мазмун, садои тормози мошину шарфаи пойро шунида, соҳибхона дарвозаро кушод. Марди нуронии миёнақад, кушодачеҳра ба пешвоз баромад. Маро дида табъаш болид, оғӯш кушод. Ҳамдигарро ба канор гирифтем. Ба рӯям дуру дароз синча кард, аз коҳидани чеҳраам рамузе гирифту дасти навозиш ба сарам бурд, сила кард. Ин дам аз дилаш чиҳо гузашт, намедонам, вале гармии гуворои дасташро нағз ҳис кардам, ки навозиши пурмеҳри падарро мемонд.
– Худатро гирондай, – гуфт.
– Кор бисёр буд, барои мунтазир карданам узр.
– Мефаҳмам, – гуфт ӯ, – ташвишат бисёр. Лекин бовар доштам, ки дер бошад ҳам, меой. Хайр, биё, хуш омадӣ, – гуфта, аз дастам дошта сӯйи дарвозаи кушода ҳидоят кард. (100 калима)

Бобо Насриддинов

2 Матнро нависед, ба зери пуркунандаҳо хат кашед.

КОР ДАР БОҒ

Баҳор омад. Кори боғ баромад. Ман аз мактаб рост ба боғ меомадам, ки ба модарам ёрӣ диҳям. Вай ҳамаи кори боғро саранҷом карда наметавонист. Ман ҳам аз уҳдаи токбуриву қаланди боғ намебаромадам. Модарам ба сари чӯякҳои ток менишасту мегирист, ки ин сабзаҳои дасти падару бародарат аст. Аввалин кори савоби бародарат ҳамин токҳост. Ӯ қаламчаро нигоҳ медошт, падарат об мерехту аз болояш хок мекашид. Имрӯз касе нест, ки онро аз зери хок бардорад, қаланду қайчӣ кунад...
Ҳамроҳи модарам токҳоро кушодам. Токи мардум аллакай муғҷа баста буд, вале токи мо нав рӯи офтобро

пешина
аз 275
навбатӣ