Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

медид. Модарам хеле парешон шуд, ки шираи токро хок макида бошад, бар намедиҳам. Ман қариб буд гиря кунам... (109 калима)

Сорбон

3

Хонед ва ҷумлаҳоеро, ки аз ду ва ё зиёда ҷумлаи сода иборатанд, нависед.

ДУ ҚУЛЛА

Ду қулла, ки монанди ду пора абри сафеди ҷовидонӣ ба назар мерасанд, ин водӣ миёни кӯҳҳо басе ором, шаклан гирдгардону бо майлонҳои сарнишебро, ки гӯё бо дастони ҳунарманди рустоие оро дода шудааст, абадӣ ба паноҳи худ гирифтаанд. Вай бо нақшу нигори худ, ки зардинаи зумуррадгун, хол-холи лоҷувардӣ ба назар мерасад, воқеан ҳам, косаи сафолеро мемонад, ки дар мобайни дастархони пурнозу неъмат гузошта шуда бошад. Ҳар куҷое воҳае бошаду дарёчае, дар он ҷо деҳае, шаҳраке бунёд шудааст, ки метавон онро ҳамчун қалъаи бостонии начандон калоне арҷгузорӣ кард. Хонаҳо, ки деворҳои онҳо аз сангҳои носуфта сохта шудаанд, зич, устувор, гӯё дар ҳимояи ҳамдигар истодаанд. (103 калима)

Ҳабибулло Назаров

4

Калимаҳоеро, ки аломат ва хусусияти предметро муайян кардаанд, ёбед ва шарҳ диҳед.

АБРҲОИ ТИРА

Ҳоло низ, ана... то ин дам ҳаво соф буд. Офтоб нурпошӣ карда, абре ба назар наменамуд. Вале акнун дар нисфи рӯз, аз бағали Ҳафтсар ногаҳон абрҳои тира қад кашида, ба ғалаён омаданд ва осмони деҳаро ҳам ба тасарруфи худ дароварда рӯи офтобро бастанд.

пешина
аз 275
навбатӣ