Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
1 Матнро хонед, феълҳояшро муайян кунед ва замони иҷрои амали онҳоро шарҳ диҳед.
МАҲМУДҶОН
Аввали баҳор буд. Ҳар шаб абрҳои сабуки баҳорӣ дар болои шаҳр ҷамъ мешуданд, тамоми шаб ба хиёбонҳои васеъ ва кӯчаҳои мумфарши он об мезаданд, баргҳои зумуррадгуни дарахтонашро якто-якто шустушӯй карда аз чангу ғубор тоза мекарданд ва хаставу бемадор шуда субҳдам ба оғӯши кӯҳҳои сарсафед мехазиданд. Пагоҳӣ офтоби оламоро бо чеҳраи хандон ба болои шаҳр меомад, аз тозагии хиёбону кӯчаҳояш ба шавқ омада, ба сараш домандоман зар мерехт. Ҳамин ки шом наздик мешуд, абрҳои баҳорӣ баъд аз хобу истироҳат боз ба сӯи шаҳр медавиданд, то ки ӯро боз шустушӯй кунанд, то ки шаҳр боз ҳам хурраму зебо шавад, то ки фардо ҳусни арӯси зарринқабо дучанд биафзояд ва мардумро аз ҳусни оламгири худ сер кунад.
Маҳмудҷон ҳеҷ гоҳ худро ин қадар сабук ва зиндадил ҳис намекард. Ӯро андаке чиз — чеҳраи хандони офтоб, борони нармакаки фасли баҳор, гул кардани дарахтони бодом, баргҳои зумуррадгуни қади кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто шӯхиву аскияҳои бенамаки Сангак ҳам ба ваҷд меовард.
(154 калима)
Ҷумъа Одинаев
2
Имло ва талаффузи калимаҳои ишорашударо шарҳ
диҳед.
ТАНБӮР
Танбӯр сози қадимии мусиқӣ буда, бо мизроб навохта мешавад. Вай миёни мардуми тоҷику ӯзбек ва афғону эрон хеле маълум аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё