Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Исмҳо ва ҷонишинҳои матнро ҷудо карда нависед.

ПАДАРИ ҚОДИР

Солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ дар Бухорои Шарқӣ Қодир ҳашт ё даҳсола буд. Падарашро нағз дар хотир дорад. Вай шахси баландқомату чорпаҳлу буд. Ӯро дар хона бисёр кам медид, аксар вақтҳо нисфҳои шаб меомад, боз субҳи барвақт милтику таппонча ва шамшерашро ба миён баста, ба аспи сиёҳи пешоникашқа савор шуда баромада мерафт.

Зимистон буд. Ҳамон рӯз барф меборид, падарашро милтиқдорони бисёре ба сару либоси хунолуд печонда, аввал ба хона оварданд. Аз гуфти онҳо маълум шуд, ки дар вақти маҷлиси камбағалонро гузаронда истоданаш Муллосафо, собиқ амалдори амир, аз пушташ бо таппонча паррондааст. Сонӣ, маҷлис карда, ӯро дар зери дарахте, ки дар соҳили дарёи шӯҳоби Қаратоғ ҷой гирифта буду аксаран дар он ҷо истироҳат мекард, гӯронданд.

Ҳабибулло Назаров

пешина
аз 275
навбатӣ