Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

курсӣ, як китобмонак гузошта шуда буд. Дар поён, дар болои нимсандук панҷ-шаш кӯрпаю болишт таҳ карда гузошта шуда буд. Замини хона бо намаду як-ду гилемча пӯшида шуда буд. (198 калима)
Ҷалол Икромӣ

10
Сифат ва шумораҳо аз матн ёбед.

БАРАКАТИ ТОБИСТОН

Тобистон шаҳру деҳоти мо сабзу хуррам аст. Дар боғот меваҳои рангоранги хушмаза мепазанд ва тобистони кӯҳистон аз ҷиҳати иқлиму манзара бештар ба баҳор монанд аст. Растаниҳои гуногун атрофи чашмаҳо, ҷӯйбору сой ва дарёҳои кӯҳсор ҳама тару тозаанд. Бӯи хуши райҳону қокутӣ, нозбӯй, хулбу, настаран ва ғайраҳо ба димоғ расида, ҳаловат мебахшанд. Сӯзанак барои доштани пашаҷаҳо ва шапалакҳои нақшин барои гирифтани шираи гулҳо ба ҳар сӯ тез-тез парвоз мекунанд. Мӯрчаҳо хеле серташвишанд. Онҳо барои зимистон ҳар гуна ғизо захира мекунанд. Дар ин фасл аз ҳар тараф хониши парандагон ба гӯш мерасад. Тобистон дар водиҳо ҳаво ҳамеша гарм аст, аз ин сабаб соҳили дарёҳо, домани боғу марғзорҳои кӯҳӣ барои аксар одамон истироҳатгоҳи хеле мувофиқ аст.

Устод Садриддин Айнӣ дар китоби «Таҳзибуссибён»-и худ фасли тобистонро ин тавр тасвир кардааст: «Аз 15-уми моҳи ҷавзо то 15-уми моҳи сумбула (июну июлу август) фасли тобистон аст. Дар ин фасл аз меваҳо тут, зардолу, себ ва ғайраҳо хӯрданибоб мешаванд у ҷаву гандум ҳам мепазад. Дар охири ин фасл ангур, тарбуз, харбуза ва дӯлона... пухта мерасанд. Ҳар кас аз неъмати меҳнаташ баҳравар мегардад. Анборҳои мардум аз ҳар гуна ғалладонаю меваҳои хушк пур мешавад». (188 калима)

Аз китоби «Табиатшиносӣ»

пешина
аз 275
навбатӣ