Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Замони феълҳои матпро муайян кунед.

НАҚШИ РАФОҚАТ

Виҷдони (ё имони) худро аз барои суде* фириб кардан, кирдори ношоиста, балки хиёнатро, дар чӣ шакле, ки бошад, ба ҳаққи худ, ҳамчунин ба шахси дигарон низ лоиқ донистан, дарду ранҷи одамони бегонаро ҳеҷ шумурдан дар рафти ду-се даҳсолаи охир, махсусан дар ин даврони пештозии васоити электронӣ мояи ифтихор шудааст барои ашхосе, ки дар гурезанд аз анъанаи ниёгон, бефарканд дар расму оини миллӣ. Онҳо гӯё бехабаранд, шояд ба ҳисоб гирифтан ҳам намехоҳанд, имон (ё виҷдон) дар қалби одамизод эҳсоси накӯкорӣ мепарварад. Вай аслан инфиҷорист*, ногаҳон метавонад битаркад. Метавонад дар вуҷуди кас чунон раҳнае занад, чунон ларзае афканад, ки ӯ он ҳама аз анъанаҳои гузаштагон қимоб будан ва ба ормонҳои инсонии падарон иснод овардани худро якбора идрок намуда, ба даҳшат ояд. Воқеан, агар ин гуна ҳолат ба одамони дур аз шафқат, бадфарқу бепарво ва иродааш суст рӯй диҳад, онҳо зуд мефаҳманд, бе рафоқати бошуурона, бе муҳаббати софи инсонӣ ба ҳамдигар ҳеҷ хушбахтии пойдор нахоҳад буд дар ҷомеа. (156 калима)

Абдулҳамид Самад

ЛУҒАТ

суд – манфиат, фоида
инфиҷорӣ – тарканда

пешина
аз 275
навбатӣ