Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Нақши аломати вергулро дар чида шудани аъзоҳои ҷумла шарҳ диҳед.
ЧАШНИ УМЕДУ КӮШИШ
Зимистони қаҳратуни гузашт, ҷаҳон аз сардӣ халос ёфта, ба мисли барқ ханда мекунад. Баҳори хуррам, дигаргунӣ дар табиат оғоз мегардад. Акнун аз абрҳои карамбахш боронҳои файзу баракат меборад, аз кӯҳҳои барфии тармаҳо мекӯчанд, яхҳою барфҳо аз тобиши офтоби тиллоӣ об шуда, ба ҷӯйборҳо, дарёҳо равон мешаванд, чашмаҳои кӯҳӣ ба ҷӯш, рӯдҳо ба хурӯш меоянд, гиёҳҳову дарахтон ба сабзидан оғоз мекунанд, дашту саҳро, боғу бӯстон аз гулу лола, аз шукуфтаву сабзаҳо ороишу зенат мегиранд. Парандаю чарандаҳо дар тараддуди дона мешаванд, пару бол кушода чаҳ-чаҳ мезананд, месароянд. Деҳқонон ба киштӯкор, чӯпонҳо аз паи рамаю чарогоҳ омода. Мардум ба пешвози рӯзи нав бо шавку ҳавас хонаву ҷо ва зиндагии худро оро медиҳанд, мешитобанд, то аз «рӯзи наву рӯзии нав» баҳраманд шаванд. Шоирону мутрибон созу навоҳои дилкаш соз мекунанд, раққосон меҳироманд, наққошон намудҳои табиатро ба ранг мекашанд. Ин гуна ҷунбишҳо, тараддуд ва дигаргуниҳои доимиро, ки дар табиат ва зиндагонӣ оғоз меёбанд, Наврӯз меномем, Соли нав мегӯем.
Мо, тоҷикон, ин рӯзро дӯст медорем, азиз медорем, онро дар саҳрову кошонаҳо бо гулҳо, сабзаҳо, бо рақсу таронаҳо, хандаву бозиҳо бо хубтарин орзу ва умед пешвоз мегирем, то ки ғайратамон дучанд, умрамон, зиндагиамон боз ҳам хурраму пурбаракат гузарад. (198 калима)
Шарифҷон Ҳусейнзода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё