Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ҲИКОЯТ Овардаанд, ки Бӯзинае дуредгареро дид, ки ба чӯбе нишаста онро мебурид, ду мех дошт, якеро бар шикофи чӯб фурӯ мекуфт, то ки буридани он осон шавад ва роҳи омаду рафт ба арра кушода гардад. Вақте ки шикоф аз ҳадди муайян мегузашт, ин меҳро гирифта ба ҷои он мехи нав мекуфт, ба ҳамин тариқ амал мекард. Бӯзина дар ин вақт сайру гашт менамуд, ногоҳ дуредгар дар аснои кор ба ҳоҷате рафт. Бӯзина дарҳол болои чӯб нишаст ва думи вай аз он ҷониб, ки бурида буд, ба шикофи чӯб фурӯ рафт. Бӯзина он меҳро, ки дар пеши кор буд, пеш аз он ки мехи дигарро фурӯ кӯбад, аз шикофи чӯб баркашид. Чун мех аз шикоф кашида шуд, ҳар ду тарафи чӯб ба ҳам пайваст шуда думи Бӯзина дар миёни чӯб маҳкам монд. Бечора Бӯзина аз дард ранҷур шуда менолид ва мегуфт:
Он беҳ, ки ҳар касе ба ҷаҳон кори худ кунад,
В-он кас, ки кори худ накунад, нек бад кунад.
Кори ман мева чидан аст, на арра кашидан, пешаи ман тамошои беша аст, на задани табару теша.
Бӯзина бо худ ин суханҳо мегуфт, ки дуредгар расида омад ва ӯро ба сазо ба ҳалокат расонид. Ва аз ин ҷо гуфтаанд: «кори бӯзина нест начҷорӣ*». (203 калима) Ҳусайн Воизи Кошифӣ
ЛУҒАТ
бӯзина – маймун
начҷорӣ – чӯбтарошӣ, дуредгарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё