Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Офтоб мисли шомгоҳон каме торик шуд.
Баъд дару тирезаи хонаҳоро ларзонда, радд гулдуррос зад. Боз ва боз...
Садояш чунон даҳшатнок буд, ки гӯё кадом деви сиёҳ ду кӯҳро дар ду дасташ бозӣ доронда, бо ғазаб бо ҳам мекуфт.
Гоҳ аз наздик ва гоҳ аз дуртар барқ ҷаҳида, синаи абрҳоро бо шамшери оташин чок мекард ва лаҳзае ба сари ҳама мавҷудот нури бисёр тези кабудфом рехта, аз нав нопадид мешуд. (103 калима)
Саттор Турсун
5 Ҷумлаҳои чидааъзо ва аъзоҳои истисноии онҳоро аз ҳамдигар ҷудо карда, шарҳ диҳед.
САДБАРГ
Дар байни буттаи дигар гулҳо садбарги сурх бо шукӯҳу шаҳомати худ ҳамто надошт. Навдаҳояш тару тоза, обхӯрда, дароз-дароз, баргҳояш ғайримуқаррарӣ калон ва чун кафи даст буданд. Муғҷаҳои сершуморе, ки аз боду ҳавои мусоиди имсола, замини нарми серпору ғизои даркорӣ гирифта буданд, майли ҳамин лаҳза кафидан, хандидан доштанд.
Аз тамошои ин манзара ба ваҷд омадам. Худро дошта натавониста буттаи азими садбаргро, ки дар ҳақиқат ҳам арӯси нозанинро мемонд ва дар хусну малоҳат аз ҳамаи навниҳолони гирду атрофаш фарқ карда меистод, оғӯш кашидам, муғҷаи омодаи хандаашро бо эҳтиёт, бо ду даст дошта, ба машом овардам, бӯидам, бӯсидам ва бо нигоҳи пурмеҳр ба чеҳраи рафиқон нигаристам. (103 калима)
Ибод Файзуллоев

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё