Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

17 Матнро маънидод карда, гӯед, ки фикри асосӣ дар кадом ҷумла ифода шудааст.

ИНТИЗОРӢ ДАР ИСТГОҲ

Рӯз кайҳо шом хӯрда, тира шуда буд. Дигар барф меборид, барфи лаклакӣ. Дар кӯчаҳои нимравшани шаҳр ягон-ягон роҳгузари шитобзада ба чашм мехӯрд. Дар истгоҳи назди театр фақат ду-се нафар интизори омадани автобус меистоданд. Либосашон тар шуда буд, ба назар чунин менамуд, ки онҳо дер боз интизори омадани нақлиёте ба як ҷо пойкӯбу чун мурғе якпо истодаанд. Ва ҷавоне, ки аз ҳар мӯи сари урёнаш об мечакид, бесаброна, тез-тез миёни роҳ мебаромаду роҳи омадани мошинеро мепоид. Дигар гӯй тоқаташ тоқ шуда буд, ки бо аломати ҳар чӣ бодобод даст афшонда, дигар ба омадани автобус умед набаста рафт.
Дер шудааст. Дигар нақлиёте намеояд. Ва аз резиши бошиддати барф соати он сӯи роҳ ҳам наменамояд. Соат чанд шуда бошад? Шояд аз дувоздаҳ гузаштааст...
-- Бародар, соат чанд шуда бошад? -- Мепурсам аз он ду нафар. Вале онҳо ҳам соат надоранд. Ва тахмин мекунанд, ки «шояд дувоздаҳ шуда бошад». Батадриҷ сармо ба ман асар мекунад ва ман ҳам ба пойкӯбӣ медароям, гиребонамро боло мебардорам ва кӯлоҳамро поён мекашам. (166 калима) Муҳаммадзамони Солеҳ

18 Матнро хонда, феълҳои замони гузаштаро ёбед ва шахсу шумораи онҳоро шарҳ диҳед.

ҲИКОЯТ

Аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар*, разияллоҳу анҳу, овардаанд,
ки рӯзе азимати сафар карда буд. Дар нахлистони қавме
фуруд омад, ки ғуломе сиёҳ нигоҳбони он буд. Дид, ки се
қурси нон ба ҷиҳати кути вай оварданд. Саге он ҷо ҳозир

пешина
аз 275
навбатӣ