Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

шуд. Он ғулом як курсро пеши вай андохт, бихӯрд. Ва пас дигареро бияндохт, онро ҳам бихӯрд. Абдуллоҳ, разияллоҳу анҳу, аз вай пурсид, ки:
– Ҳар рӯз кути ту чист?
Гуфт:
– Он чӣ дидӣ.
Фармуд:
– Чаро вайро бар нафси худ исор* накардӣ?
Гуфт:
– Вай дар ин замин ғариб аст, чунин гумон мебарам, ки аз масофати дур омадааст ва гурусна аст. Нахостам, ки вайро гурусна гузорам.
Пас гуфт:
– Имрӯз чӣ хоҳӣ хӯрд?
Гуфт:
– Рӯза хоҳам дошт.
Абдуллоҳ бо худ гуфт: «Ҳама халқ маро дар сахо маломат мекунанду ин ғулом аз ман сахитар аст». Он ғуломро ва нахлистонро ва ҳар чӣ дар вай буд, бихарид. Пас ғуломро озод кард ва онҳоро ба ӯ бахшид.

Қитъа
Нафси сағро ба як-ду луқмаи нон,
Бар сағи нафс ҳар кӣ кард исор*,
Гар бувад банда, филмасал, шояд,
Хоҷагонро ба бандагиш иқрор. (173 калима)

Абдураҳмони Ҷомӣ

ЛУҒАТ

Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (вафоташ 699)-аз хешовандони Ҳазрати Алӣ, ки дар саховат машҳур аст
исор кардан – бахшидан, сарф кардан

пешина
аз 275
навбатӣ