Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хонданҲИКОЯТ
Ҳотамро* пурсиданд, ки:
- Ҳаргиз аз худ каримтар дидӣ?
Гуфт: - Бале! Рӯзе ба хонаи ғуломе фуруд омадаму вай даҳ сар гӯсфанд дошт. Филҳол як гӯсфандашро кушту пеши ман овард ва маро қитъае аз он хуш омад. Бихӯрдаму гуфтам: «Вало, ин басе хуш буд». Он ғулом берун рафту як-як гӯсфандро мекушту он мавзеъро мепухт, пеши ман меовард. Ман аз он огоҳ не. Чун берун омадам, савор шудам, дидам, ки беруни хона хуни бисёре рехтааст. Пурсидам, ки:
- Ин чист?
Гуфтанд, ки: - Вай ҳамаи гӯсфандони худро кушт.
Вайро маломат кардам, ки чаро чунин кардӣ. - Гуфт:
Субҳоналлоҳ, туро хуш ояд чизе, ки ман молики он бошам ва дар он бахилӣ кунам, ин зиштсиратӣ бошад дар миёни халқ.
ПАС, Ҳотамро пурсиданд, ки: - Ту ба муқобалаи он чӣ додӣ?
Гуфт: - Сесад шутури сурхмӯю понсад гӯсфанд.
Гуфтанд: - Ту каримтар бошӣ!
Гуфт: - Ҳайҳот! Вай ҳар чӣ дошт, доду ман аз он чӣ доштам андаке беш надодам. Қитъа:
Чун гадое, ки ними нон дорад,
Ба тамоми диҳад зи хонаи хеш,
Бештар з-он бувад, ки шоҳи ҷаҳон
Бидиҳад ниме аз хазонаи хеш. (169 калима)
Абдураҳмони Ҷомӣ
ЛУҒАТ
Ҳотам – Ҳотам дар асри VI зиндагӣ кардааст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё