Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мегаштанд, дафъаҳои гузашта барин дар мавзее, ки соате пеш саҳна буд, зери осмони кушод паҳн намуда, ба хоб нарафта буданд. Ҳатто аз ёдашон баромада буд, ки пагоҳ дар деҳкадаҳои дигари ин ҷамоа намоишномаро пешкаш карданашон зарур. «Вале дар ҷое, ки ба қадри меҳнати дигарон намемерасанд, дар ҷое, ки дарди худро медонанду дарди дигаронро ба эътибор намегиранд, ё гирифтан намехоҳанд, истодан лозим аст магар? Аъа?!...»

Ҳарчанд маҳтоб паси абрпораҳои пайдошуда ғӯттида буд ва торикии ғафшаванда ҳама ҷоро печонида буд ва агарчӣ чанд қадам он сӯтар акнун дуруст дида намешуд, вале Мирзову дастааш ба роҳ даромада буданд, ба роҳе, ки имрӯз бо он омада буданд ин ҷониб.

Мирзо писарчаашро ба қафаси сина фишурда, қадам мениҳод; гӯё бо зарби рафтан дарду сӯзишҳои дилашро ба замину атроф мӯҳр кардан мехост. «Охир дар ин замона дили санъаткор ҳам аз дарду доғ, аз ҳасрату ноумедӣ моломол. Пас дар ин вазъ аз онҳо фақат чизҳои шодиомез ва умедбахшо интизор шудан ва талаб кардан аз рӯи инсоф нест! Санъат оҳанги дил аст ва дили санъаткор чӣ тавре, ки бошад, садо, албатта, ҳамон тавр мебарояд; халқ масале дорад-ку; аз кӯза ҳар он чӣ таровад, ки андар ӯст. Магар ҳасрати дили мо аз дигарон кам? Магар ҳасрати дили ман аз дигарон кам? Нишонаҳои охирини устодони ман—оромгоҳи Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир куҷо шуданд? Ҳол он, ки замони ҷанг аз пайи иморатсозии дакаданг шудану рӯйи қабристон ҳавлӣ сохтан «мурдаро монда, тутхӯрӣ карданро» монад. Пас сарвароне ҳастанд, ки аз ғами ҷанги ҷаҳон дида, аз ғами мардуми талафёфта ва ё ғамзада дида, аслан ғами худашонро мехӯранд, дар фикри насфи худашон мегарданд ва аз ҳисоби дигарон, ҳатто аз ҳисоби мурдагон шароиту маишату зиндагии худро сохтану дуруст кардан мехоҳанд... Афсус!...

Пас аз миён рафтаанд сабру тоқату тааммули мо санъатварон низ. Аз миён рафтаанд дар ниҳоити ниҳоят...

Чунин андешаҳои сӯзанда ва ноомадҳо зиёд шудаанд дар

пешина
аз 194
навбатӣ