Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

манфиатҷӯи молӣ ба тасарруфу ғорат гирифтор гардид ва ҳама чизи он бурда шуд ва ин китоби дуввумӣ, ки зиёда аз ҳазор саҳифа буд, ҳамчунин аз он ҷо нопайдо ва гумном гардид...

Ва органҳои қудратӣ ва ҳуқуқӣ аз пайи кофтакуби ин дурдона, ки саропо ба манфиати миллат буд, талош ба харҷ надоданд ва умуман ба ин кор машғул нашуданд, зеро зумрае аз онҳо одат карда буданд, фақат ба он коре, ки ба худашон ва ҷайби худашон манфиатҳои пулӣ бирасад, машғул бишаванд. Он солҳо чунин солҳо буданд.

Хуллас китоби дуввуми «Рӯзгори соҳибдилон», ки барои санъату фарҳанги тоҷик муҳим буд, аз байн рафт, яқинтараш бенишон гардид.

Акнун, ки дунё дигар шудааст ва манофеи миллӣ боло гирифтааст, шояд органҳои қудратии дахлдори ҳуқуқӣ аз пайи дарёфти он китоби ғайбзада ба мо мададгорӣ ва мушкилкушой карда тавонанд... Шояд бо мадади онҳо китоби муҳим аз нав дарёфт шавад ва хазинаи фарҳангии миллатро ғанӣ гардонида тавонад.

Вале ин ҳама кори оянда аст, ки он китоб ёфт мешавад ва ё на?...

...Аз ҳар чизи навиштаи собиқа барои мо фақат китоби аввали «Рӯзгори соҳибдилон» монда буд, ки ба нашр расида буд, замоне. Китобе, ки иборат буд аз се қиссаи санадӣ: нахусташ доири осору рӯзгори Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ буд, дигараш доири Содирхони Хуҷандӣ буд ва севвумаш доири навогарони Исфаразамин буд, яъне бар амсоли Зебо Парӣ ва Умар Ҳофиз ва Қорӣ Носир ва Мирзои Навозанда (Мирзо Қурбон Солеҳов), ки онҳо дар такомулу пешравии санъати мақоми водии Фарғона ва миллати тоҷик хизмати арзанда ва шоиста ба анҷом расонидаанд...

Хуллас мақсади таҳриру бознависии китоби аввал дар пеши мо меистод ва хоса устоди зиндаёд Отахони Латифӣ ҳангоми зинда буданаш инро зиёд орзу ва таманно дошт.

Вале толеъ чунин шуд, ки баъди сари устод Латифӣ ин корро мани банда тани танҳо ва бо мушкилаи зиёд анҷом доданам лозим омад, зеро коре буд масъулиятнок, душвор, гаронбор.

Ҳангоми таҳрири нав далелҳои нави бозёфта ва ҷиҳатҳои

пешина
аз 194
навбатӣ