Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

СУХАНЕ ЧАНД ДОИРИ ДУ МУАЛЛИФ:

ОТАХОН ЛАТИФӢ — аз машҳуртарин журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумори мерафт. Академик Евг. Примаков — собиқ вазири разведкаи хориҷии Россия, собиқ вазири корҳои хориҷии Россия, собиқ сарвазири Россия, ходими намоёни ҷамъиятӣ ва давлатии Россия чунин гуфта буд: «Қарни бисти Осиёи Миёна басо олимон ва адибон ва ҳунарпешагони шоистаро ба арсаи ҳастӣ додааст; вале дар журналистикаи қарни бисти Осиёи Миёна касе ба пояи Латифӣ нарасидааст. Вай аз беҳтарин журналистони қарни гузашта буд». Отахон Латифӣ мухбири «Комсомольская правда», «Правда», «Союз-Жизнь», АПН буда, навиштаҳояш шӯҳрати зиёд ёфта буданд, бо забонҳои зиёди олам тарҷума ва нашр гардидаанд. Латифӣ муаллифи филмҳои зиёди мустанад ба шумори мерафт. Вай бо ордену медаЛҲОИ ЗИЁДИ ҳукумати шӯравӣ мукофотонида шудааст ва аз ташкилкунандагон ва муназзими «Эстафетаи коргарӣ» будааст, ки боис шуд, неругоҳи барқии Норак пеш аз мӯҳлат сохта ва ба истифода супорида шавад. Аз ин муҷиб Отахон Латифӣ «Шаҳрванди ифтихории шаҳри Норак» эълон карда шудааст. Дар Маскав китоби азими Отахон Латифӣ бо номи «Люди и вершины» ба табъ расидааст. Ҳамчунин китобҳои «Золотая осень», «Последняя весна Отахона Латифи» пешкаши хонанда гардидааст.

Президенти Тоҷикистон хизматҳои Латифиро баъди маргаш бо ордени «Шараф» ва медали «Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ» мушарраф гардонидааст.

Дар Тоҷикистон «Ҷоизаи ба номи Устод Латифӣ» арзи ҳастӣ кардааст, ки онро дар чанд соли ахир як зумра журналистони ҷавон соҳиб гардидаанд.

пешина
аз 194
навбатӣ