Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
эҳсос накунад, навозишаш дилнишину шаҳрошӯб намебарояд, яъне тарзе, ки худаш мехоҳад, намебарояд навозишаш бе ин танбӯр.
- Ман пагоҳ, ба шумо, танбӯри худатона оварда медиҳам, - таъкид намуд ҳурмоириш андешаи Шоҳбаротро гӯё пай бурда. - Шумо ба тӯйхона даромадан гиред.
Соҳибони маърака ҳам, бохабар шуда, расида буданд ва Тӯйчихон ва Шоҳбаротро ба тӯйхона даъват карданд. Шоҳбарот, ки чанд лаҳза муқаддам нияти ба тӯйхона даромадан надошт, бори дигар ба ин марди ҳурмоириш, ки қиёфааш тамкину худбоварии зиёд дошт, назар афканд, пасон хоҳиши Умар Ҳофизро, ки вай ҳам аз куҷоҳе расида омада буд, зери по карда натавониста, ниҳоят тарафи тӯйхона қадам ниҳод.
Ҳурмоириш аз думболи Шоҳбароту Тӯйчихон, ки ба онҳо Умар Ҳофиз ҳамроҳ буд, нигаристу бори дигар нигоҳашро ба косахонаи маҷақшудаи танбӯр овард ва ниҳоят аз фароз нишеб гардид, ба он тарафи дарё гузашт. Назди дӯконаш расида, як истод, ба офтобе, ки ба ғунудан наздик меомад, назар афканд, пасон дари дӯконашро кушоду вориди он гардид.
Косахонаи танбӯрро асосан дар ду-се рӯз месозанд ва гар чӯбро хуб тунук карда, сайқал диҳанд, чандин рӯзи дигарро мегирад. Косахонаи танбӯр бошад асосан аз чӯби тут сохта мешавад. Тут ҳамон вақт қаиш мегардад, ки баъди буриданаш солҳо хобида бошад. Ин хел чӯбҳоро устоҳо асосан аз таҳкурсии иморатҳои вайроншуда мегирифтанд. Зеро пештар бе техника, аз кӯҳ кашонда, овардани санг душвор буд, аз ин боис ба таҳкурсии хонаҳо ва масҷиду мадрасаҳо ба ҷои санг чӯби тут ҳам истифода мебурданд. Мӯйсафедҳо мегуфтанд, ки тут зери иморат чил сол биистад, шамшод мегардад. Шамшод бошад, дар баъзе мавридҳо аз санг бадошт; зеро сияҳлой ҳатто сангро ноайён хӯрда, кам мекунаду тут бошад андаруни сияҳлой ҳар қадар истад, ҳамон қадар бадошту мустаҳкам мегардад. Аз ин хел чӯбҳо устоҳо асбоби мусиқа, шона ва дигар чизу чора месохтанд. Агар шонаи аз тутӣ нав сохташуда ва хоса дандонаҳои он як-ду сол дошт бидиҳад, шонаи аз тутӣ кӯҳна сохташуда ва дандонаҳои он барои насле кифоят мекард;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё