Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
дандонаҳои чунин шона мӯи сарро сайкал дода, онро ҷиллои махсус мебахшоид.
Маҳз аз чӯби ин хел тут, ки солиён андаруни сиёҳлой хобида бошад, саратарини косахонаи асбобҳои навогарӣ, яъне мусиқавӣ сохта мешуданд. Устоҳо хоса дар кафондани ин хел чӯб, ки аз онҳо танбӯру асбоби дигари навогарӣ месозанд, қариб арраро истифода намебурданд. Зеро раҳе, ки андаруни танаи тут дида мешавад, набояд якдигарро бурида бошад. Вақти сохтани порчаҳои косахона низ ин чиз ба эътибор гирифта мешуданд. Хуллас раҳи пораҳои ба ҳам омадаи косахонаи танбӯр, агар якдигарро бурида бошад, он гаҳ косахона овозро «мехӯрад, медуззад»-мегуфтанд донандагони асрори асбоби навогарӣ.
Душвории кори хурмоириши исфарангӣ, ки танбӯри косахонааш шикастаи Шоҳбаротро бо худ оварда буд, асосан дар он буд, ки сохтани косахонаи танбӯр аз косахонаи асбобҳои дигари навогарӣ мушкил бошад. Зеро мебоист пораҳои чӯбро ба шакли тахтачаҳои фурӯҳамида, ки моҳи ҳилолро мемонд, тарошида, онҳоро пӯсти пиёз барин тунук карда, баъдан бо шилму элим ба ҳамдигар меҷаспонд. Ин ҳам майдакорие буд, ки вақти зиёдро талаб мекард...
Тамоми шаб ғайри моҳу ситора ва ғайри хурмоириши исфарангӣ олам ба хоби ноз рафта буд.
Соатҳо мегузаштанд аз шаби пурасрори зиндагӣ.
Баъд рӯз ҳам омада буд. Омада буд бо шаҳомати хосаи худ, ки мудом меомад ба Исфаразамин чунин.
Ҳатто баъди кафидани чашми рӯз ва пас аз тулӯи хуршеди оламтоб хурмоириш корро идома ҳамедод...
Вақт мегузашту Шоҳбарот дар тӯйхона беқарорӣ дошт. Охир даробаро зиёд гардида ва баъди хондани намози пешин маъракаи сур авҷ мегирифт, вале аз марди хурмоириш, ки танбӯри варо бурда буд, ҳанӯз дарак намешуд.
Шоҳбарот, дар ин миён, ҳаминро фаҳмида гирифта буд, ки хурмоириш Асомиддин ном дошта, асосан барои аробакашҳои корвони Умар Ҳофиз ароба месохта ва ё аробаҳоро таъмир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё