Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

дастаи танбӯр онро як усто, дар як вақт, аз як чӯб сохта.

Вале намуди зоҳириаш магар фиреб намедиҳад касро?

Шоҳбарот барои ҳамин, ба косахонаи нав нохун зад ва ба овози он гӯш фаро дод. Овоз бехалал мебаромад.

Шоҳбарот мисли одами ташнае, ки баногаҳ косаи об ба дасташ омада ва онро саросема ба лаб мебарад ва об ғайри гулӯяш аз гирди лабонаш мешорад, бо тезии ҳайратбахше танбӯрро рӯи даст гирифт ва ҳамчунин осемасар ва ҳатто берабт ба тораҳои он нохун расонид.

Овози аҷиб берун рехт.

Баъд нағмаи банизоми дилкушо танинандоз гардид.

Ва чизи аз ҳама муҳим дар ҷои дигар буд: овози бам, ки аз танбӯр мехест ба овози Тӯйчихон мувофиқа мекард. Гӯё моҳҳои зиёд ба Тӯйчихон гӯш фаро дода, ба овози ӯ мувофиқ намуда, танбӯрро азнавсозӣ кардаанд.

Хурмоириши исфарангӣ ба косахона ва тарзи ҷойгиршавии сӯрохаҳои рӯи тахтапарда ишора намуд ва шарҳ дод, ки сабаби пуррагии овоз ба ин вобаста бошад. Яъне агар косахона ҳар қадар калону сӯрохиҳои тахтапардаи рӯи он кам бошад ва чӯбаш махин бошад, аз он овози пурратару ғафс берун ояд, ки онро дар мусиқа «бам» ном гузоштаанд. Ва гар баръакс косахона хурд ва сӯрохиҳои он зиёд ва сӯрохиҳо наздики миёнарӯи тахтапарда ҷойгир бошанд, овоз махин мебарояд, ки дар мусиқа онро «зер» ном бубаранд.

Шоҳбарот аз ҳисси шодии аз вуҷудаш рӯида саргаранг гардида, акнун намедонист чӣ кунад: навохтанашро идома бидиҳад ва ё ки... Баъдан ба хотираш кадом хаёли дигар расиду лаҳзае аз навохтан истод ва ба киссааш даст андохта, ҳар қадар, ки пул дошт, баровард, пеши марди хурмоириш, яъне Асомиддин рехт.

Марди хурмоириш аз ин ҳама чашм намеканд ва пасон гуфт:

  • Исфарагиҳо аз зоти Умар Ҳофизанд. Аз меҳмоне, ки ба хизмати онҳо омада, пул намеситонанд ягон маротиб.

Чашмони нуронии Шоҳбарот аз ин марди аҷиб канда намешуд. Ва ҳатто изҳори дошт:

  • Вале исфарагиҳоро абобокашаш ҳам амсоли Умар Ҳофиз
пешина
аз 194
навбатӣ