Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ҳунармандӯ аробасозаш ҳам амсоли Асомиддин беҳамто будаанд!
Шоҳбарот ба завқ омада, хандид.
-Вақте ки мо ба аробакашу аробасози исфарагӣ баробар намеоем, пас ба пои ҳунарманди касбиаш расида наметавонем!,- Шоҳбарот, ки чунин мегуфт, ба тораҳои танбӯри тармимёфта аз нав нохун зад ва ба хурмоириш тарзе нигарист, ки ин оҳангҳо барои ту ва ба шарафи ту навохта мешаванд! Ва тӯлонӣ менавохту менавохт чунин барои хурмоириш Шоҳбарот, ҳарчанд, навохтаи варо акнун тамоми тӯйхона самъ мекард, хосатан, ки Умар Ҳофизу Тӯйчихон бо диққат гӯш фаро медоданд ва бар ҳамдигар боз маънидор нигариста, табассуме доштанд...
-Ана ҳамин хел рӯйдод шуда буд, Мирзо...-нақли худашро доири танбӯри Шоҳбарот ва онро тармим кардани Асомиддини исфарагӣ ба охир расонида буд Қорӣ Носир дар ҳуҷраи бари чойхонааш.
-Аз писари Асомиддини хурмоириш ҳамин Камолиддин аст, ки ҳар рӯзи чоршанбе ба чойхонаи мо меояд, узви дастаи навозандагии чойхонаи мо ба ҳисоб меравад. Камолиддинро, ту, мешиносӣ. Аз ҳунари вай ва ояндаи вай умеди мо калон, хоса умеди Умар Ҳофиз калон. Умар Ҳофиз аз дӯстони қарини Асомиддини хурмоириш бошад...
Албатта, ҳикояҳои Қорӣ Носир мақсаде доштанд, ки Мирзо сиру асрори асбоби навогариро донад ва маънои бештаре бардорад ва меҳри санъат ба замираш чуқуртар реша давонад.
Қорӣ Носир мехост, Мирзо нозукиҳои навогариро бештар фаҳмаду то ҳадде навозандаи хуб шавад, ки назокат ва нозукиҳои навогарӣ ва тарзи ҳосил гаштани овозҳоро бо тамоми сеҳраш эҳсос карда тавонад. Ва ҳар чӣ бошаду набушад муроди Қорӣ Носир пешравии Мирзо буд, зеро вай дар вуҷуди Мирзо, на вобаста ба сину соли кӯчакаш, майл ба созу наво, балки талоши бештар аз сину соли кӯдакиро эҳсос мекард ва пай мебурд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё