Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
устод Чалишев соат супориданд. Ҳамин тавр кори дипломии ман бо баҳои аъло дар КОА-донишкада сазовор шуд.
Чуноне ки ишора кардам, саҳми устод дар ҳаёти илмиву эҷодии ман бузург аст! Устод ниҳоят донишманданд. Вақте ба синфхона медаромаданд, муҳитро илм фаро мегирифт. Ҳеҷ гоҳ намегуфтанд, ки бача, рост бишин, бача гап назан. Аз шеъру адаб сар мекарданд, 75 нафар гӯшу ҳуш мешуданд. Дар се гурӯҳи 25-нафарӣ аълохону хубхону сехон буданд, вале бо боварӣ мегӯям, ки ҳатто сехонҳои мо аз дарси устод баҳравар мешуданд ва имрӯз ҳам аз дарсҳои устод ёдовар мешаванд. Як рӯз ба устод гуфтам, ки 30 сол пеш дарси Ҷунайдуллои Ҳозикро беҳад хуб гузаштед, ки ҳоло ҳам дар ёдам ҳаст! Устод даррав чанд мисраъ шеър аз Ҳозик хонданд!
Чизи дигаре, ки онро дар ҷое нагуфтаам, ин хизмати дигари устод барои ман аст! Соли 1991 устод сармуҳаррири газетаи донишкада «Анвори дониш» шуданд. Ману Насимов Нуриддинро чун муҳарриру мухбир ба кор даъват карданд. Бояд гӯям, ки қадамҳои аввалини журналистиам аз ҳамин ҷо сар шуд. Устод саҳфаи 4-умро ба ман супориданд ва гуфтанд: — ҳушёр бош, мардум хондани газетаро аз охир сар мекунанд. Матлаби аввалинам «Пандҳои Пайғамбар (с), дар мавриди рақами 3» ба устод бисёр писанд омад. Навбатдорӣ дар чопхона, шинос шудан ба тарзи чопи газета, сурбро об карда, дар қолабҳои ҳарфҳо рехтан, чидани ҳарфҳо, азобу машаққати ҳуруфчин дар ёдам мондааст. Ҳамаи инро устод ба ман омӯхтааст. Яъне қадамҳои аввалинро дар журналистика маҳз бо раҳнамоии устод А. Кӯчаров гузоштаам!
Воқеаи дигаре, ки маро мафтун кард, ин шинос шудан ба китобхонаи шахсии устод буд. Вақте устод ба хонаи дигар кӯчиданд, маро барои кӯчондани китобҳо аз як бинои шаҳр ба бинои дигар бовар карданд. Сохтани рафҳои китоб, бо оҳанҳои секунҷа ва бо фанер поёнашро сарфакорона маҳкам карданро аз устод омӯхтам ва баъдҳо чунин рафро дар хонаи худ сохтам! Китобхонаи устод ончунон бой буд, ки барои худ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё