Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Насиба Кӯҷарзода,
дотсенти ДМТ

ЧАНОРИ СОЯБОНИ МО

Илму фарҳанг ва маорифи миллати куҳанбунёди тоҷик дар масири ҳазорсолаҳо ба пояҳои рушду нумуи хеш расида, барои таълиму тарбия намудани қишрҳои ҷомеа ва пешрафти ин сарзамини аҷдодӣ шахсиятҳои зиёди обрӯманду соҳибэҳтиромро ба воя расондааст. Шахсе, ки ин навбат дар борааш сухан меронем, аз зумраи нафаронест, ки дар таълиму тарбия ва ба воя расондани насли ҷавон хизматҳо кардаву дар ташаккули илмҳои филология ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Шояд воқеаеро инъикос кардан ё шахсияти касеро ба риштаи тасвир кашидан на он қадар кори мушкил бошад, аммо дар бораи он нафаре, ки тамоми ҳастии маро фаро гирифтааст, сухан ба миён оварданам хеле душвор аст, зеро ин нафар бо заҳмату талошҳои зиёд аз айёми кӯдакӣ дасти маро гирифта ба воя расондааст ва ба роҳи илму таълим ҳидоят намудааст. Ин кас падари меҳрубон ва устоди гиромиқадр Аламхон Кӯҷарзода мебошад.

«Муаллим инсони хуб асту хоксор, олими беҳамто ва устоди меҳрубон аст». Ана аз ҳамин суханҳои дилписанд оғоз мекунанд касоне, ки падарамро мешиносанд. Ман ҳамвора нисбат ба падарам ин суханонро мешунавам ва боварӣ дорам, ки ин гуфтаҳои устодону шогирдон аз самими диланд ва дар онҳо муболиға нест. Оре, фикр мекунам, ки дар ҳақиқат, Аламхон Кӯҷарзода, падари азизи ман, ба ҳама суханҳои неке, ки дар ҳақашон мегӯянд, арзандаанд.

Дар аксари мусоҳибаҳо аз мусоҳибон пурсон мешаванд,
ки меҳри ин касб аз кай дар дилатон ҷо шуд ва, албатта, дар
ҷавоб мешунаванд, ки аз хурдӣ ба ин пеша таваҷҷуҳ пайдо
кардам. Аммо дар мавриди ман ҳол дигаргуна аст, зеро дар
ибтидо намехостам омӯзгор шавам. Баъди гузашти солҳо
тақдир ду маротиба ба хонадони мо зарбаи ҷонкоҳе зад, ки

пешина
аз 226
навбатӣ