Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

таҳаммул карданаш ниҳоят душвор буд. Зиндагии падару модарамро таҳлил намуда, ба хулосае омадам, ки пайрави падар мешавам. Ин ҳама ба хотири он буд, ки дили озурдаи падарро бардорам ва баъди хатми факултети журналистии ДМТ ба роҳнамоии профессори шодравон Асадулло Саъдуллоев рисолаи номзадӣ дифоъ намудам ва 10 сол аст, ки дар ДМТ ба ҳайси муаллим фаъолият мекунам.

Ин ҷо мехостам дар мавриди саҳми падарам дар таълиму тарбияи фарзандон чанд сухан бигӯям. Дар оила мо шаш фарзанд будем, се духтар ва се писар ва падар бо шодӣ мегуфтанд, ки дар фарзанддорӣ ҳам баробарӣ ба мо насиб гардид. Мутаассифона, бародаронам Шуҳратҷон ва Далерҷон аз дунё гузаштанд ва мо чор фарзанд мондем. Ҳоло апаи калониам Наргисбону дар боғчаи №68-и ноҳияи Синои пойтахт ба ҳайси мудир фаъолият дорад. Бародарам Тоҳир мураббии варзиши тениси рӯи миз шуда кор мекунад. Ҳусниябону бошад, мудири боғчаи № 17 ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе мебошад. Ӯ чун вакили шаҳри Душанбе хеле серкор аст. Умуман, ҳама аъзои хонадони мо дар соҳаи маориф кору фаъолият доранд ва ман ифтихор дорам, ки пайрави касби падар ҳастам.

А. Кӯчарзода ба шогирдони бисёре (ӯ 52 сол боз устоди донишгоҳ аст) ҳаққи устодӣ доранд, вале барои ман ҳам падар ва ҳам устод мебошанд. Фикр мекунам, чунин неъмати дунё ба ҳар кас насиб намегардад. Дар як нишаст шоҳиди он будам, ки устод Равшани Раҳмонӣ, вақте дар бораи падарам сухан ба миён омад, ӯро ба фаришта нисбат доданд ва ин баҳои устод воқеият дорад, чунки дар умри чандинсолаам ягон бор надидаам, ки падарам бо ягон кас бо дуруштӣ сухан гуфта бошанд. Бисёр одамон ҳам мегӯянд, ки Кӯчарзода мӯрчаро ҳам озор намедиҳад.

Суханеро, ки падарам ҳамвора ба мо, фарзандон, таъкид мекунад, «одами хондагӣ ҳеҷ гоҳ хор намешавад» мебошад. Яъне дар зиндагӣ барои падарам дар хонадон дар мадди аввал

пешина
аз 226
навбатӣ