Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ бо баҳои аъло таҳсил дошт, ҷонқоҳ буд. Устод ҳар гоҳе Шуҳратро ба хотир меорад, сояи алам ба чеҳрааш медавад. Ӯ ба ин муносибат як марсияи пурсӯзу гудоз сурудааст, ки як бандаш ин аст:

Шуҳрат, дареги қомати ҳамчун санавбарат,
Сад ҳайфи ақлу донишу лафзи чу шаккарат.
Шуд шомдида то абад моҳи мунавварат
Эй хок бар сари падари шӯрбахти ту...

Фарзанди дигараш — Далер низ дар айни ҷавонӣ дар нимароҳи умр монд. Вай ба таври фоҷиавӣ аз дунё гузашт. Акнун муттакои қалби афгори падар духтари азизаш Насиба гардид. Насиба, ки аз дили нарму сӯхтаи падар хуб огоҳӣ дошт, роҳи падарро идома дод ва баъди хатми донишгоҳ рисолаи илмӣ навишта, номзади илмҳои филологӣ гардид. Ҳоло Насиба устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ буда, машғули омӯзгорӣ ва таҳияи корҳои илмӣ мебошад. Ҳусния ва Наргис низ маълумоти олӣ дошта, ҳар кадом дар вазифаҳои масъул бори заҳмат мекашанд. Писараш Тоҳир бошад, дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб фаъолияти пурсамар дорад, дӯстдори варзиш низ мебошад ва дар ин роҳ ғолиби чандин сабкатҳои варзишӣ гаштааст. Устод шукронаи фарзандону наберагон ва ин мулки ободу замони амониро дорад ва то метавонад ба тарбияи наберагон машғул мегардад.

Профессор Аламхон Кӯчарзода Корманди шоистаи Тоҷикистон буда, бо ордени Дӯстии халқҳо сазовор гаштааст. Устод аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад ва соли 2013 ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ шарафёб шудааст. Ӯ муаллифи фаъоли маҷаллаи миллии «Садои Шарқ» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мебошад ва пайваста мақолаҳои илмӣ-бадеияш дар нашрияҳо ба табъ мерасонд.

Бале, устод Кӯчарзода доктори илм, профессор ва дорандаи чандин мукофотҳои давлатӣ мебошад, аммо кибру ғурур ва болонишиниро чашми дидан надорад. Ба қавли ин марди шариф,

пешина
аз 226
навбатӣ