Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар китфи ӯ овезон,
Як қӯлбори зебо.

Салом дода бо шодӣ,
Қӯлборашро кушод,
Як даста расмҳоро,
Назди бобояш ниҳод...

Устод Кӯҷарзода дар зиндагӣ ҳамеша якрӯ ва дӯсти меҳрубон аст. Ҳар маротибае, ки ман ба аёдати донишманди зиндаёд Соҳиб Табаров мерафтам, ҳатман муаллимро он ҷо медидам. Муносибати домулло Табаров бо шогирдаш басо самимона буд. Ҳамин ки муаллим Кӯҷарзода дохили хонаи устод мешуд, он кас гӯё бемориашонро фаромӯш мекарданд ва боз суҳбат аз боби китобҳои нав ва паҳлуҳои гуногуни илм метафсид. Дафтари хотираҳояшонро ба муаллим Кӯҷарзода дода, таъкид менамуданд, ки фалон китоб ё шумораи нави «Садои Шарқ»-ро бароишон пайдо кунад.

Устод Кӯҷарзода бо таҳаммул ва андеша ба ҳар як нуктаю таъкиди домулло гӯш медоду ба дафтаре қайд мекард. Баъдтар ӯ тамоми мушоҳидаю қайдҳои илмӣ ва фаъолияти серсоҳаи Соҳиб Табаровро амиқ омӯхта, дар шакли асари алоҳидае мураттаб намуд, ки соли 2014 бо номи «Муҳаққиқи соҳибмактаб» пешкаши хонандагон гардид. Пеш аз маргаш устод Табаров чанд дафтари хотираҳояшро ба Кӯҷарзода супурд. «Таассуроти ақлу дил» зиндагинома ва роҳи тайкарда, мушоҳидаҳои олими забардастро батамом фаро мегирифт ва Кӯҷарзода мақолае бо номи «Нигоҳе ба «Таассуроти ақлу дил» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» навишта, аҳли эҷодро ба муҳтавои дафтарҳои хотираи устодаш, ки аз 118 дафтари 96-варақа иборат мебошад, шинос намуд.

Ҳар гоҳе ки устодро бо ҷузвдони пур аз китоб роҳравон андешаманду ошуфта мебинам, аз дил мегузаронам, ки муаллим чӣ қадар дили бузург ва иродаи мустаҳкам дорад. Ин дам он рӯзҳое ба хотирам мерасанд, ки устод дар ғами фарзанди ҷигарбандаш – Шуҳратҷони ҷавонмарг ашки ҳасрат мерехт. Охир, барои падар аз даст додани ҷигаргӯшааш, ки дар курси дуюми

пешина
аз 226
навбатӣ