Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

СИМОИ АЛАМХОН КӮЧАРЗОДА
ДАР ШЕЪР

ЗИНДАГӢ
(Ба дӯстам Аламхон Кӯчарзода)

Бечоравор нола макун пеши зиндагӣ,
К-он ҳеҷ вақт гӯш ба афғон намекунад.
Чун шахсавор хезу ба зӯраш савор шав,
Ин аспи маст тан ба заифон намедиҳад.

Ёлаш ба дасту панҷаи мардӣ бигир сахт,
Андар рикоби зарҳалии ӯ дарор по.
Гардон сараш ба ҷониби саҳрои орзу,
Дилро бидор маҳкаму сар деҳ лаҷомро.

Оҷиз машав, ки зиндагиро хуш наояд ин,
Ту мард бош, зиндагӣ худ мардпарвар аст.
Дилхун нашав зи савлати каргаснасибаҳо,
З-он фахр кун, ки рӯзии шаҳбоз камтар аст.

Алимуҳаммад Муродӣ

СУННАТИ ВАТАНДОРӢ
(Муроҷиат ба дӯстам Аламхон)

Мисли ҳар зодаи замин умре,
Одам аз хок баҳра мегирад.
Чун қаламча агар ба синаи хок
Реша маҳкам накард, мемирад.

Мо ба ҳукми ниҳоли сарсабзем,
Ғарқи гулҳои шодиву армон.
Тухми моро на бод овардаст
Аз ягон ҷо ба сӯи кӯҳистон.

пешина
аз 226
навбатӣ