Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Мо аз он арчазор рӯидем,
К-ину он як замон харобаш кард.
Мо аз он бурсҳо нишон астем,
К-офату сел решакобаш кард.

Ту ба ту рафт аз ҷаҳон бунёд
Решаи мо чу дар дили ҳар санг.
Ману ту дар баланди мемирем,
Ману ту ҷон диҳем дар рахи нанг.

Алимуҳаммад Муродӣ

ХУДО ЁРАТ
(Барои дӯсти гиромиям профессор
Аламхон Кӯчарзода)

Нишони тири қазо шуд дилат, Худо ёрат,
Зи дард обу адо шуд дилат, Худо ёрат.

Давои дарди туро ҷуз Худо кӣ медонад?
Ки рӯ ба раҳми Худо шуд дилат, Худо ёрат.

Ба рӯи китфи падар турбати писар кӯҳ аст,
Шикастабори бало шуд дилат, Худо ёрат.

Дареги меваи умрат, ки рехт нопухта,
Чу шохи кунда ҷудо шуд дилат, Худо ёрат.

Алимуҳаммад Муродӣ

(Соядасти китоби «Ба саломи шукуфаҳо»)

Аъламӣ ё Аламӣ, ё Аламхон Кӯчарӣ,
Дар фанни шеъру адаб, илму амал номварӣ.
Он қадар ёри ҳалимиву ҳакимиву алим,
Ман надонам, ки чӣ хоҳам ба ту з-ин бештаре?!

Аскар Ҳаким, 06.02.18

пешина
аз 226
навбатӣ