Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

1953 ба матни асар таъсири манфӣ низ расонидаанд ва яке аз сабабҳои аслии иштибоҳот дуруст баргардон нашудани матн аз алифбои арабӣ ба шумор меравад.

Лозим ба таъкид аст, ки ҷузъиёти кори муҳарририи нависанда дар асарҳои зикршуда ва аз ҷумла «Аҳмади Девбанд» аз ҷониби донишманди фозил А. Кӯҷарзода ниҳоят муфассал таҳқиқ шудааст. Натиҷа ин аст, ки таҳрир аз ҷониби нависанда дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла дар муҳтаво, тасвири шахсиятҳо, забони ҳикояҳо ва сабку услуби онҳо сурат гирифтааст.

Ба андешаи муҳаққиқ, «...тағйирот дар ҳикояи «Аҳмади Девбанд» зиёдтар ба назар мерасад. Симои Аҳмад дар чопи дуюми ҳикоя нисбат ба чопи якум пурратар ва мукаммалтар тасвир ёфтааст. Агар дар нашри аввал фақат нотарсияи Аҳмад нишон дода шуда бошад, дар нашри дуюм (ва нашрҳои минбаъда) хислатҳои кунҷковӣ ва ба қувваҳои фавқуттабиӣ бовар накардани ӯ низ инъикос меёбад [56, 77].

Дар боло хотирнишон гардид, ки бахше аз корҳои таҳририи устод ба осори тарҷумашуда ихтисос дорад. Устод Айнӣ андешаҳояшро аксар ағлаб дар ҳошияи осор навиштааст.

Қайду эзоҳот ва шарҳу тафсирҳои устод дар ҳошияи осори тарҷумашуда, воқеан, арзишманду омӯзандаанд. Гоҳо ба назар чунин мерасад, ки С. Айнӣ гӯё бо тарҷумон дар ҳоли гуфтугӯву баҳс аст. Аз баррасии қайдҳо метавон ҳолати равонии ӯро пай бурд. Шарҳу тавзеҳоти устод дар иртибот бо забони тарҷумаи осори адабӣ гувоҳ бар ин аст, ки дар он замон мутарҷимону муҳаррирон на ҳама ба маънои аслии баъзе аз калимоту таркибот эҳтибор медоданд. Ин беэҳтиётӣ ва бепарвоӣ сабаб мегардад, ки дар матнҳо дарҳамбарҳамӣ воқеъ гардад.

С. Айнӣ зимни таҳрири матни китобҳо ба ибороту таркиботи номафҳум ва нодуруст тарҷумашуда шарҳу тафсир менависад. А. Кӯҷарзода барои таъйиди андешаҳо аз осори

пешина
аз 226
навбатӣ