Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Донишманди фозил А. Кӯчарзода ҳамчунин қайд менамояд, ки дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон матбаа бо ҳуруфи арабӣ аз нав таъсис мегардад. Ба ин муносибат асарҳои бархе аз нависандагонро барои чоп бо ҳуруфи ниёгон пешниҳод менамоянд. Академик Бобоҷон Ғафуров аз миёни китобҳои пешниҳодшуда маҳз «Марги судхӯр»-ро ба чоп тавсия менамояд [57, 55].
Аз ин сабаб таҳрири қисса ниҳоят тез сурат мегирад. Аз ҷониби дигар чун ин асар барои форсизабонон нашр мегардид, бояд забонаш ба андозае ба забони форсии муосир созгор карда мешуд. Таҳриру такмил ба андозае ҷиддӣ будааст, ки чопи таҳриршуда аз чопи соли 1939 аз нигоҳи ҳаҷм ду баробар зиёд буд.
Мавзӯи дигаре, ки зимни таҳрири «Марги судхӯр» мавриди назари нависанда будааст, пуркувват сохтани заминаҳои ҳаҷвнигорӣ дар матн ва вусъати моҳияти иҷтимоии он мебошад.
А. Кӯчарзода бар ин назар аст, ки С. Айнӣ дар таҳрири қиссаи хеш таваҷҷуҳи зиёд ба ҷанбаи ҳунарӣ, поэтикии асар намудааст. Бадеияти матни асар, хусусиятҳои ҳисӣ-тасвирии он дар маркази диққати ӯ будааст. «Аз ҷумла, воҳидҳои фразеологии ҳангоми таҳрирҳои минбаъда иловашуда чун «ба замин чашм дӯхтан», «дар оташи ҳирсу ҳасад сӯхтан», «дилпур будан», «аз касе дил бад бурдан», «аз даҳони касе бӯйи шир омадан», «гулӯи касеро равған кардан», «лингро аз осмон овардан» ва ғайра баёнро рехтаву мӯҷаз намудаанд» [57, 68].
Арзёбӣ ва тадқиқи мисолҳо касро ба ин натиҷа мерасонанд, ки нависанда барои камолу барҷастасозии бадеияти асар бештар аз воситаҳои тасвири бадеӣ: ташбеҳу истиора, маҷозу муболига ва ғайра истифода намудааст, ки исботи онро мо дар таҳрир мебинем.
Мурури мӯшикофонаи матни таҳриршуда А. Кӯчарзодаро ба ин натиҷа мерасонад, ки таҳриру тағйироти нашри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё