Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Мисбоҳиддини Нарзиқул,
Муҳриддин Низомӣ,
профессорони ДМТ
ҲУСНИ ТАҲҚИҚ ВА ТАЪЛИМ
(нигоҳе ба фаъолияти матншиносии профессор
Аламхон Кӯҷарзода)
Матншиносӣ дар миёни илмҳои адабиётшиносӣ мавқеи муҳим дорад. Агарчи дар баъзе таълифоти назарӣ он чун илми ёвари адабиётшиносӣ муаррифӣ шудааст, бархе соҳибназарон бар онанд, ки матншиносӣ аз ҷумлаи илмҳои алоҳида ва мустақили адабиётшиносист. Вале доираи инкишоф ва нуфузи ин ё он соҳаи илм ба фаъолияти олимон вобаста аст. Дар заминаи таҳқиқу таълифоти донишмандон метавон муайян кард, ки соҳаи муайяни дониш то кадом сатҳ пешрафт кардааст ва нисбат ба шохаҳои дигари илм чӣ бурду бохте дорад.
Нақди матн ва масоили умумии матншиносӣ дар системаи улуми филологияи муосир ҷойгоҳи муносибе пайдо кардааст. Агарчи корҳое монанд ба фаъолияти матншиносони имрӯзаро дар гузаштаҳои дуру наздик ҳам баъзе донишмандон анҷом додаанд, истилоҳоти «матншиносӣ» ва «танқиди матн», ки ба илми ҷудогона ва мустақил дар бахши улуми адабиётшиносӣ замина гузоштаанд, фақат дар ибтидои садаи гузашта марсум гардидаанд. Асосҳои назарияи ин илмро донишмандони собиқи шӯравӣ, ба монанди Б.В. Томашевский, Д.С. Лихачев, Е.И. Прохоров, Б.Я. Бухштаб, В.С. Бородин ва дигарон дар таълифоти илмии хеш муайян кардаанд.
Дар адабиётшиносии муосир ҳар гоҳ сухан оид ба матншиносӣ ба миён меояд, қабл аз ҳама, манзараи густариши фаъолияти матншиносони тоҷик дар матншиносии осори давраҳои қадим ва танқиди матн дар адабиёти асримиёнагӣ пеши назар ҷилвагар мешавад. Чунки саҳми матншиносони тоҷик дар таҳқиқ, таҳия ва нашри осори классикони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё