Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
адабиётамон дар қиёс ба вазъи таҳия ва чопи илмию интиқодии асарҳои адибони муосири тоҷик назаррастар аст.
Дастовардҳо дар омода кардани матни илмӣ-интиқодии девонҳову достонҳо, осори насрии адабиву бадеӣ хеле назаррасанд ва дар ин ҷода хизмати донишмандони зиндаёди тоҷик А. Мирзоев, А. Афсахзод, А. Алимардонов, З. Аҳрорӣ, А.М. Хуросонӣ, А. Сомонӣ ва ҳамкорону шогирдони онҳо хеле зиёд аст. Ба ин кор устодони донишгоҳҳо, аз ҷумла муҳаққиқони ДМТ низ саҳм гирифтаанд, ки корҳои анҷомдодаи онҳо сазовори суҳбати ҷудогона ва арҷгузории шоиста ҳастанд. Вале пажӯҳишҳои матншиносӣ то имрӯз дар миёни адабиётшиносони мо чандон шуюъ наёфтааст. Дар ин замина баъзе асару мақолаҳои олимони фавқуззикр, Ҳ. Отахонова ва донишманди фақид Абдуманнони Насриддинро қайд кардан зарур аст. Аммо муҳаққиқе, ки бевосита ба пажӯҳиши асосҳои назарию амалии илми матншиносӣ таваҷҷуҳ карда ва ба сурати мақсаднок масъалаҳои назарию амалии матншиносии осори адабии адабиёти муосири тоҷикро ба сифати мавзӯи пажӯҳиши баргузидаву умри хешро ба ин соҳаи заҳматталаб бахшидааст, профессор Аламхон Кӯҷарзода мебошад.
Хизмати профессор Аламхон Кӯҷарзода дар таҳқиқи матншиносии осори адабиёти муосир хеле бузург аст. Вай то имрӯз китобҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Айнӣ», «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик», «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Айнӣ»-ро нашр намудааст, ки ба масоили матншиносии адабиёти муосири тоҷик бахшида шудаанд. Дар баробари таълифи чанд рисолаву мақолаҳои илмӣ профессор А. Кӯҷарзода дар омода кардани мутахассисони соҳаи матншиносӣ низ саҳми арзанда дорад. Зери роҳбарии профессор А. Кӯҷарзода чанд нафар унвонҷӯён доир ба таърихи матни асарҳои адибони муосир рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд, ки дар омӯзиши матншиносии муосир саҳифаҳои тозае мебошанд.
Махсусан, чашмандозе ба масъалаҳои матншиносии осори адибони муосири тоҷик бо таваҷҷуҳ ба «Нақди матн ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё