Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
қобилияти баланди зеҳнӣ, ҳисси кунҷковӣ, дониши фаррох ва иштиёқи беандоза ба илм дар маркази таваҷҷуҳи устодон, махсусан устод С.Ш.Табаров қарор мегиранд. Он солҳо устод Табаров мудирияти кафедраи забон ва адабиёти УДТ (1952-1962) ва солҳои 1962-1980 роҳбарии кафедраи адабиёти советии тоҷики УДТ-ро ба уҳда доштанд. Дар пояи кафедра маҳфили илмӣ-адабии “Адибони ҷавон” таҳти роҳбарии устод Табаров фаъолият менамуд. Ва аз нақлу қиссаҳои устодони баркамол ва чеҳраҳои номоён маълум мешавад, ки маҳфили номбурда дар ташаккул ва тарбияи маънавии номдортарин шоирону нависандагон ва донишмандону олимони соҳа нақши бориз доштааст.
Устод А.Кӯҷарзода аз зумраи он донишҷӯёни лаёқатманде буданд, ки аз соли 1966 узви фаъоли маҳфили номбурда шуда, то хатми донишгоҳ (1969) бо ҳидояту раҳнамоии устодашон С.Ш.Табаров ба равнақ бахшидани дониши хеш ҷидду ҷаҳди самаранок намуданд. Мавсуф соли 1972 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи УДТ шомил шуда, мавзӯи рисолаи номзадиашон бо номи “Масъалаҳои матншиносии повести “Одина”-и С.Айнӣ” таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ Тоҷикистон С.Ш. Табаров тасдиқ мегардад. Дигар ин ки соли 1972 аввалин мақолаи соҳавиашон бо унвони “Муқоисаи текстологияи ҳикояҳои “Аҳмади девбанд” ва “Мактаби куҳна”-и С.Айнӣ” (Маҷмӯаи илмӣ, ҷ.5., қ.9. — Кӯлоб, 1972. — С.9), ки аз тарзу усули таҳқиқоти С.Табаров дар масъалаҳои матншиносӣ сухан меравад, ба чоп мерасад. Ҳамин се ҷузъи ишорашуда далели он аст, ки устод Кӯҷарзода ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ ҳадафмандона домани устодро сахт доштаву самт ва равияи фаъолияти ояндаашонро ба яке аз соҳаҳои мураккабу заҳматталаби илми адабиётшиносӣ - матншиносӣ муайян сохтаанд. Ба андешаи худи устод, “матншиносии адабиёти бадеӣ чун муҳимтарин масъалаи адабиётшиносии муосир дар ҳаёти илмӣ-адабии мамлакат мавқеи босазое дорад. Мутахассисон матншиносиро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо