Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

асоси таърихи адабиёт номидаанд" (1, 8). Бо назардошти ҳамин аҳамият ва дарки масъулиятшиносӣ устод дар синни ҷавонӣ аз рӯи талаботу меъёрҳои соҳавӣ мақолаҳои зиёдеро ба табъ расонда, соли 1978 рисолаи номзадиашонро бомуваффақият дифоъ намуданд. Соли 1982 бошад, монографияи арзишманди устод Кӯчарзода, ки то имрӯз ҳамчун сарчашма ва намунаи муҳими омӯзиши таърихи матни асари бадеӣ барои коромӯзону мутахассисони соҳа хизмати беминнат дорад, бо унвони "Тадқиқи текстологии "Одина"-и С.Айнӣ" (Душанбе: Дониш, 1982. — 148 с.) аз чоп баромад. Таҳқиқоти мазкур асосан аз рӯи матнҳои чопӣ сурат гирифтааст. Аз ин рӯ, нороҳатии устод дар як чиз зоҳир мегардид, ки ҳангоми таҳқиқот матни дастхати қисса барояшон дастрас нагардид, чунки бойгонии нависанда қобили истифода набуд.

Вақте ки устод С.Айнӣ матни дастхати қиссаро анҷом медиҳанд, соли 1925 онро барои чоп ба шуъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон месупоранд. Қисса соли 1927 ба табъ мерасад. Вале муаллиф бозпас гирифтани дастхатро талаб намекунанд. Ҳамин тавр, дастхати қисса солиёни дароз дар бойгонии шуъбаи самарқандии НДТ мемонад. Соли 1934, вақте ки фаъолияти шуъбаи номбурда барҳам мехӯрад, маводи дар бойгонии он қарордоштаро месӯзонанд. Устод А.Деҳотӣ дар яке аз мактубҳояшон чунин қайд доранд: "Ин дастнавис таҳрири якуми "Одина"бояд бошад, ки дар вақти сӯзондани китобҳои шуъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон (ба муносибати тамом шудани кори ин шуъба дар охири соли 1934) додарам Абдушукур аз байни коғазҳои бисёр ҷудо карда гирифта ба ман дода буд". Чун дастхат ба дасти А.Деҳотӣ меафтад, онро ба Камол Айнӣ танҳо соли 1989 месупорад ва ба воситаи устод Камол Айнӣ ба бойгонии нависанда (ба шаҳри Душанбе) баргардонда мешавад. Баъдҳо дар баробари маводи дар дастбудаи устод Кӯчарзода дастхати "Одина" низ дастрас

пешина
аз 226
навбатӣ